Мулоқоти аҳли тиҷорат
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – 2011», ки 27 октябр дар Филармонияи давлатӣ доир гардид, мулоқоти аҳли тиҷорати Тоҷикистон, Беларус, Лаҳистон, Афғонистон, Туркия ва Эрон сурат гирифт.«Мо умедворем, ки тавассути намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2011» ва форуми «Тоҷикистон – Лаҳистон», ки 28 октябри соли 2011 баргузор мешавад, роҳҳои ҳалли масоили ҳамкории самарабахши дуҷонибаро пайдо хоҳем кард», — зикр намуд муовини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Лаҳистон Рафал Баняк дар ҷараёни ин чорабинӣ. Ҳамкорӣ дар бахши техникаи сохтмонию кишоварзӣ, ба Ҷумҳурии Беларус фиристодани мева, сабзавот, асал ва гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон самтҳои ояндадори фаъолият маҳсуб дониста шудаанд.Хотирнишон месозем, ки намоишгоҳро Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






