Мулоқоти Э.Раҳмон бо Ҳиллари Клинтон

Октябрь 24, 2011 10:52

Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар»).- 22 октябр Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиллари Клинтонро ба ҳузур пазируфт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ташрифи хонум Клинтонро нишонаи таваҷҷуҳи хоси Амрико ба Тоҷикистон ва минтақаи мо арзёбӣ намуд.Ҳиллари Клинтон ба нақши Тоҷикистон дар минтақа, хусусан ба мусоидати он ба бозсозии иқтисодӣ ва амниятии Афғонистон баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар барои мавқеъгирии созанда дар сиёсати минтақавӣ арзи сипосу қадрдонӣ намуд.Дар мулоқот доир ба маҷмўи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Амрико ва ҳамгироии судбахш доир ба таъмини эътидол дар Афғонистон табодули назар карда шуд.Бино ба гуфтаи Ҳиллари Клинтон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кўмаки худро ба Тоҷикистон барои таҳкими амнияту субот, аз ҷумла тавассути дастгирии нерўҳои сарҳадӣ дигар сохторҳои қудратӣ ва хадамоти гумрук дар марзи давлатӣ бо Афғонистон идома медиҳад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иқдоми Амрикоро доир ба эҳёи Роҳи нави абрешим, ки ҳадаф аз он эҷоди шабакаҳои пайвастаи иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, энергетикӣ ва таъмини робитаи бемонеаи мардумони Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ мебошад, сидқан мавриди пуштибонӣ қарор дод.Доир ба ҷалби сармоягузории Амрико ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ андешаҳои ҷолиб баён гардид. Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба раванди демократикунонии ҷомеа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, озодии матбуот ва ғайра сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 

Октябрь 24, 2011 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд