Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи махсуси маъмурияти ИМА оид ба Афғонистон ва Покистон

Октябрь 7, 2011 13:20

Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон ва Покистон Марк Гроссманро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд. Бо таваҷҷуҳи зиёд ба ҳалли қазияи Афғонистон, ҳарду ҷониб бори дигар амалҳои пурдаҳшати террористии дар ин кишвар вақтҳои охир рухдода, аз ҷумла қатли Бурҳониддин Раббонӣ, генерал Довуд, волии қундуз Муҳаммад Умар, пешвои қандаҳор Валӣ Карзай ва дигар шахсиятҳои маъруфу соҳибнуфузро қатъиян маҳкум намуданд. Марк Гроссман ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба тасмими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои эҳёи Роҳи нави Абрешим ва ду конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон, ки моҳҳои ноябр ва декабр дар Истанбул ва Бонн баргузор мегарданд, иттилоъ дод. Зикр гардид, ки ҳадаф аз ин конфронсҳо ва ҳам эҳёи Роҳи нави Абрешим мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистон бо ҷалби кишварҳои ҳамсояи он мебошад. Тибқи нақшаи эҳёи Роҳи нави Абрешим бояд шабакаҳои нақлиётию энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ ба ҳам пайваста шаванд, аз ҷумла тавассути хатти баландшиддати барқии КАСА-1000, лўлаҳои газ, роҳҳои оҳану мошингард ва дигар имконоти мавҷуда. Эмомалӣ Раҳмон ин тасмимоти накуро мавриди пуштибонӣ қарор дода, омодагии Тоҷикистонро барои иштироки фаъол дар татбиқи амалии онҳо, аз ҷумла ба хотири таҳкими оромию субот дар Афғонистон ва пешрафту шукуфоии кулли минтақа таъкид намуд. Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки мусоидат ба бартарафсозии мушкилоти иҷтимоию иқтисодии Афғонистон, татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои оҳану мошингард, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва умуман беҳ намудани сатҳи зиндагии мардум роҳи асосии ҳаллу фасли қазияи тўлонии ин кишвари азияткашида хоҳад буд. Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Октябрь 7, 2011 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд