Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи фарҳанг ва санъати Москва

Октябрь 6, 2011 16:58

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ректори Донишгоҳи фарҳанг ва санъати Маскав, Раиси Ассамблеяи халқҳои Русия Рамазан Абдулатиповро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Русия, пеш аз ҳама дар соҳаи фарҳанг ва санъат баррасӣ шуд. Рамазан Абдулатипов аз натиҷаҳои Симпозиуми «Мактабҳои таҳсилоти олии фарҳанг ва санъат дар фазои ҷаҳонии маориф», ки дар Тоҷикистон баргузор гардид, гузориш дода, робитаҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангиро барои таҳким ва рушди муносиботи дўстона ва ҳамкории судбахш басо муҳим арзёбӣ намуд. Сафири собиқи Русия дар Тоҷикистон нусха аз китоби худ «Мардуми тоҷики ман» — ро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуда, изҳор дошт, ки ў дар воқеъ мардуми тоҷикро чун мардуми худ мешуморад. Ба гуфти Рамазан Абдулатипов, чунин муносибати ў ба мардуми тоҷик, асосан ба ду сабаб асос ёфтааст: «Аввал ин, ки шоирону нависандагони мо (доғистониён) ҳам дар гузашта ба забони форсӣ эҷод мекарданд ва халқҳои мо дар фазои ягонаи фарҳангӣ ба сар мебурданд ва дувум ин, ки мардуми тоҷик ман ва аҳли оилаи маро дар замони сафириам чун шаҳрвандони Тоҷикистон медонистанду эҳтиром мекарданд». Ў ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар Донишгоҳи фарҳанг ва санъати Маскав барои қабули донишҷўён аз Тоҷикистон ҷойҳо зиёд карда шудааст. Миёни Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Рамазан Абдулатипов доир ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ва рушди робитаҳои фарҳангӣ гуфтугўйи судманд сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 6, 2011 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд