Мулоқоти Назрӣ бо Аюбӣ
Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо муассисаи фарҳангии ЭКО дар Теҳрон зимни мулоқоти Давлат Назрӣ, сардори раёсати иттилот, матбуот, таҳлил ва таҳррезии сиёсати хориҷии ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳуҷҷатуллоҳ Аюбӣ, Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО баррасӣ гардид.Дар мулоқот ҷонибҳо тавсеаи ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистонро бо ЭКО матраҳ намуда зикр карданд, ки дар лоиҳаҳои минбаъда ҳамкории амиқтар дошта бошанд.Ҳуҷҷатуллоҳ Аюбӣ гуфт, ки муассисаи ЭКО бо таъсиси намояндагии худ дар Душанбе чандин барномаҳоро амалӣ гардонидааст. Баргузории ҷашнвораи байналмилалии хушнависӣ, даъвати ҳунармандони тоҷик барои ширкат дар ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Теҳрон, ширкати ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳи байналмилаии устони Хуросони шимолӣ, чопи китоби «Ашъори баргузидаи Устод Рӯдакӣ» бо забонҳои форсӣ, англисӣ, русӣ ва ҳурофоти сириллики тоҷикӣ аз корҳои ба сомон расонидаи ЭКО дар Тоҷикистон аст.Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ дар ин дидор аз фаъолиятҳои муассисаи ЭКО дар Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, зикр кард, ки сол ба сол сатҳи ошноии мардуми Эрон аз Тоҷикистон бештару амиқтар мегардад. Вай ба тақвияти ҳамкориҳо дар бахши синамо, филм, ҳунар ва табодули донишҷӯён миёни донишгоҳҳои ду кишвар таъкид намуда, омодагии Тоҷикистонро дар густариши ин ҳамкориҳо эълон намуд. Сипас, Давлат Назрӣ аз намоишгоҳи осори хаттоти машҳури эронӣ Ҷаводи Бахтиёрӣ дар галереяи дипломатии Муассисаи фарҳангии ЭКО дидан намуд.Тавре намояндаи Тоҷикистон дар муассисаи фарҳангии ЭКО Шоҳмансури Шоҳмирзо ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар мулоқот Давлат Назриро Қосими Бекмуҳаммад, раиси дафтари хабаргузории «Форс» дар Тоҷикистон ва Худододӣ, дабири хабарии ҳамин хабаргузорӣ ҳамроҳӣ карданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






