Мулоқоти Ш.Зуҳуров бо шаҳрдори Табрез
Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Густариши ҳамкориҳои мутақобилаи судманди Тоҷикистону Эрон аз масъалаҳои умдае буданд, ки имрӯз зимни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Алиризои Навин, шаҳрдори Табрез дар Душанбе баррасӣ гардиданд.Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки таърих, забон, фарҳанг ва ойини муштарак, ки миллатҳои тоҷику эрониро бо ҳам мепайванданд, яке аз омилҳои асосии густариши муносиботи ду кишвар дар тамоми бахшҳост. Мавсуф афзуд, ки фарҳангу тамаддуни миллати тоҷику эронӣ тӯли қарнҳои гузашта тамоми дунёро фаро гирифта буд ва ин тамаддун имрӯз тавассути ворисони нобиғаҳои ин миллатҳо ба ҷаҳони муосир муаррифӣ мегардад.Ш. Зуҳуров табодули таҷриба дар соҳаи илму фарҳанг байни аҳли илму адаби ҳарду миллатро омили муҳими тавсеаи муносиботи Тоҷикистону Эрон арзёбӣ намуд ва изҳор дошт, ки Табрезро ватан ихтиёр кардани яке аз нобиғаҳои бузурги илму адаби тоҷик- Камоли Хуҷандӣ ва дар Кӯлоби Тоҷикистон дафн шудани шоир ва мутафаккири барҷаста Сайид Алии Ҳамадонӣ далели ин гуфтаҳост. Шаҳрдори Табрез Алиризои Навин зикр намуд, ки дастоварду пешрафтҳое, ки дар бахши илму техника дар ҷаҳон ба даст омадаанд, аз осори ниёгони мо маншаъ мегиранд ва моро лозим аст, ки осори гаронбаҳои миллати қадимии худро аз нав мавриди омӯзиш қарор дода, барои ноил гардидан ба комёбиҳои илмиву техникӣ саъй намоем. Дар мулоқот Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст иштирок дошт.








Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд






