Мусодираи маводи нашъаовар

Октябрь 5, 2011 11:56

Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова ). – Кормандони  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқи  ҷумҳурӣ дар  шаҳри  Душанбе  бештар  аз  15  килограмм  маводи  нашъаоварро  мусодира  намуданд.Тавре  дар  маркази  матбуоти  Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,   кормандони  милиса  дар  рафти  чорабиниҳои  ҷустуҷӯи  фаврӣ  сокини  ВМКБ  Саъдулло Ҷангиевро   дастгир  намуда,  аз  ӯ  15  килограмму  10  грамм маводи  нашъаоварро   мусодира  карданд. Тафтишот  нишон  дод, ки  ин  шахси  дастгиршуда маводи  нашъаоварро  аз  ноҳияи  Ванҷ  оварда,  ба  яке  аз  сокинони  пойтахт  супурдааст. Тавре   дар  маркази  матбуоти  Вазорати  корҳои  дохилӣ иттилоъ доданд,  аз  рӯи  ин  ҳодиса  парвандаи  ҷиноӣ  кушода,  тафтишот  идома дорад

Октябрь 5, 2011 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд