Мусоидат дар пешгирии бемории сил
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибби муосир дар дарёфти роҳҳои пурраи табобати бемории сил муваффақ шуд,- иброз дошт ҳамоҳангсози Маркази саломтии шаҳрии рақами 1- пойтахт, табиби силшинос Азиз Мирзоев ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ ва паҳн нашудани бемории сил тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мешаванд. Таъсиси Маркази ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии мубориза бар зидди бемории сил ба коҳиши ин беморӣ мусоидат намуд.
Боиси зикр аст, ки имрӯз барои муолиҷаи сил ҳамаи имконот вуҷуд дорад, доруҳои зарурӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои беморон дастрас аст.Бо кӯмаки донорҳо ба мубталоёни бемории сил ёрии моддии ройгон расонида мешавад.Ба гуфти А.Мирзоев, аксари ҷавонони қобили меҳнат бо сабаби риоя накардани шароити зист ва истеъмоли хӯроки камғизо мубталои ин беморӣ мегарданд. Ба ин гурӯҳ бештар муҳоҷирони меҳнатӣ дохил мешаванд. Сабаби дигари ба ин беморӣ гирифтор шудани ҷавонон надоштани маълумоти кофӣ дар бораи ин беморист. Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ доир ба пешгирии бемории сил чорабиниҳои зарурӣ гузаронида мешавад. Барои баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дастурҳои мухтасар дар бораи аломатҳо ва сабабҳои пайдоиши ин беморӣ дар шакли китобчаҳои ёддоштӣ чоп ва миёни аҳолӣ паҳн карда мешавад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






