Нақлиёти автомобилӣ воситаи асосии боркашонӣ

Октябрь 21, 2011 09:28

Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тайи моҳҳои январ – сентябри соли 2011 тавассути ҳамаи намуди нақлиёт 46 млн. 571,1 ҳазор тонна бор кашонида шудааст.Дар ҶТ боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ мақоми  асосиро касб намудааст. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ бо нақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳо, инчунин бо нақлиёти автомобилии шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 39 млн. 603,7 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки он 85 фоизи ҳаҷми умумии боркашонии ҳамаи намудҳои нақлиётро ташкил медиҳад.Сохтори боркашонӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ нишон дод, ки аз ҳама бештар дар вилояти Суғд тавассути нақлиёти автомобилӣ бор кашонида шудааст. Дар давоми 9 моҳи соли 2011 дар вилоятиСуғд ба миқдори  15 млн. 108,9 ҳазор тонна, дар вилояти Хатлон — 13 млн. 868,6, дар ВМКБ – 163,4, дар шаҳри Душанбе – 3 млн. 419,1 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 млн. 43,7 ҳазор тонна бор кашонида шудааст.

Октябрь 21, 2011 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд