Нафақаи андӯхт ҳисобӣ ва таъин гардид

Октябрь 6, 2011 10:23

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тавре аз маркази иттилотии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31 – уми декабри соли 2008 «Дар бораи қоидаҳои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда» тибқи ҳисоботи фаврии пешниҳоднамудаи марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ аз 1-уми январи соли 2011 то 30 – юми снтябри соли 2011 18 ҳазору 344 ариза қабул карда шудааст, ки тибқи онҳо ба 17 ҳазору 29 нафар ба миқдори 2 млн. 435 ҳазору 346 сомонӣ маблағи андӯхт пардохт гардидааст. Аз он ҷумла тавассути Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ба 11 ҳазору 681 нафар ба миқдори 11 млн.994 ҳазору 23 сомонӣ ва аз тариқи ҷойи кор 5348 нафар ба маблағи умумии 12 млн.401 ҳазору 116 сомонӣ маблағҳои андӯхти нафақавӣ ҳисобӣ ва таъин карда шуд.

Октябрь 6, 2011 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд