Нахустин парвози зойирини Тоҷикистон аз Душанбе ба Ҷидда

Октябрь 11, 2011 14:09

Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Имрӯз нахустин парвози зойирини Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ба самти Ҷидда шурӯъ шуд.Теъдоди зойирини имрӯзаро, ки иборат аз 188 нафар мебошанд, 4 роҳбалад, 2 табиб, 5 нафар аз гурӯҳи корӣ ва ду масъули майдони ҳавоӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Дар майдони ҳавоии шаҳри Ҷидда зойирини тоҷикро шахсони масъул аз кишвари Арабистони Саудӣ пешвоз мегиранд.Бояд гуфт, ки соли дуюм аст зойирини тоҷик бо либосҳои махсус ва парчами миллӣ ба монанди шаҳрвандони Эрон ва Туркия ба хонаи Худо сафар мекунанд.Ҳамчунин дар Макка ва Мадина зойирини тоҷикро меҳмонхонаҳои барҳаво ва хизматрасониҳои хуб, ки дар масофаи на бештар аз 1 то 2 километр ҷойгиранд, интизоранд.Мавриди зикр аст, ки парвози навбатии зойирини тоҷик ба самти Ҷидда фардо, 12 октябр соати 23. 40 муайян шудааст.

Октябрь 11, 2011 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд