«Роғун — ифтихори миллат»
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Нашриёти «Адиб» ҳафтаи гузашта якчанд китоби навро чоп намуд.Аз ҷумла, китоби нависанда Раҷабалӣ Аҳмад таҳти унвони «Роғун- ифтихори миллат» нашр гардид. Китоб аз очерку публисистика иборат буда, ба чор бахши алоҳида ҷудо шудааст.Дар ин бахшҳо маводе ҷо гирифтаанд, ки перомуни фидокорӣ, корнамоиҳои диловаронаи бинокорони сарбаланди нерӯгоҳи бузурги аср сухан мегӯянд. Муаллиф гуфтору рафтори қаҳрамонҳояшро дар рӯҳи худогоҳӣ ва хештаншиносӣ нисбат ба Ватан ва халқ ба қалам додааст.Мутолиаи ин китоб барои наслҳои имрӯзу фардо аз манфиат холӣ нест.«Назокати Роҳат» китоби дуюми шоираи ҷавону умедбахш Гулнисои Ато мебошад, ки ба табъ расид. Китоб аз шеърҳое, ки ба мавзӯъҳои муҳаббату ҷавонӣ, муҳаббат ба Ватан, модар, ваҳдату истиқлолият бахшида шудаанд, иборат аст.Китоб дар нашриёти «Адиб» чоп шудааст.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






