Сӯҳбати Ҳ.Зарифӣ бо сафири нави Ҷопон

Октябрь 21, 2011 11:41

Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Пайрав  Назаров ). – 20  октябр  вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҳамрохон Зарифӣ  ва Сафири  нави  Ҷопон  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Хироюки Имахаши дар  шаҳри  Душанбе  масоили  дурнамои  рушди  муносиботи  дуҷониба  ва роҳандозӣ  намудани  ҳамкории  бисёрҷониба ва  мутақобилан  муфиди  миёни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҷопонро  мавриди  муҳокима  қарор  доданд.Сафири  Ҷопон  сипосномаи  вазири  корҳои  хориҷии  Ҷопон  Коичиро  Гембаро  барои  муборакбодӣ  ба  муносибати  ба мансаби  олӣ  ворид  шуданаш  супурд.Дар ҷараёни  сӯҳбат  Ҳамрохон  Зарифӣ изҳори умедворӣ  намуд, ки  Сафири  кишвари  дӯст  дар  чаҳорчӯбаи  иҷрои  вазифааш  дар  шаҳри  Душанбе ба  рушди  муносиботи  дуҷонибаи  байни  Ҷопону  Тоҷикистон  саҳми арзанда  хоҳад  гузошт.Дар  ин  бора  ба  АМИТ «Ховар» дар  Раёсати  иттилоот,  матбуот,  таҳлил ва  тарҳрезии  сиёсати  хориҷии  Вазорати  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  иттилоъ  доданд.

Октябрь 21, 2011 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд