Самуэл Это’О дар қатори беҳтаринҳо.

Октябрь 27, 2011 14:25

Душанбе, 27 октябр (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев)- Ҳамлагари дастаи «Анҷи» -и  Мағочқалъа Самуэл Это’О ба рӯйхати 50 нафар довталабони «Тӯби тиллоӣ» -и қитъаи олам шомил шуд. Расман номҳои бозингарон аз ҷониби FIFA ва рӯзномаи «France Football»  рӯзи 1 ноябр эълон мегардад, вале рӯзномаи испании «El Mundo Deportivo»  оҷилан хабар медиҳад, ки 9 нафар бозингарони клуби «Барселона»- Месси, Хави, Инеста, Пике, Пуйол, Фабрегас, Давид Виля, Дани Алвес ва Абидал ба рӯйхати беҳтарин бозингарони ҷаҳон шомил шудаанд. Номи се нафар довталаби асосӣ рӯзи 5 –уми декабр баъди овоздиҳии сармураббиён, капитани дастаҳо ва рӯзноманигорони ҷаҳон маълум мегардад. Расман беҳтарин бозингарро FIFA дар ҷаласаи ҳарсолаи худ рӯзи 9 январ дар Тсюрих эълон мекунад. Инчунин беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин бонуи футболбоз ва мураббии тими занона муайян мегарданд.

Октябрь 27, 2011 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад