Се ноҳия ӯҳдадории худро таъмин накарданд
Душанбе, 26 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Се ноҳияи кишвар — Панҷ, Мастчоҳ ва ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ӯҳдадориҳои худро дар 9 моҳи соли равон дар бобати буҷа таъмин карда натавонистанд», гуфт дар ҷараёни муҳокимаи парлумонӣ Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ.Ҳамзамон, зикр гардид, ки ба иҷрои сифатноки қисми даромади буҷа аҳамияти ҷиддӣ дода нашудааст. Хусусан, буҷаи вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Нуробод пардохти як намуди андоз, ноҳияи Рӯдакӣ ду намуди андоз ва шаҳри Роғун 3 намуди андозро ба маблағи умумии 15 миллион сомонӣ таъмин карда натавонистанд. С. Раҷабов афзуд, ки сарфи назар аз камбудиҳои ҷойдошта иҷрои барзиёди қисми даромади буҷаи давлатӣ имконият дод, ки дар ин давра чорабиниҳои дар буҷаи давлатӣ пешбинигардида ба таври лозимӣ маблағгузорӣ шаванд. Хусусан барои пӯшонидани хароҷоти буҷаи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 4,5 миллиард сомонӣ, маблағҳои махсус – 301,6 миллион сомонӣ, лоиҳаҳои инвеститсионӣ – беш аз 500 миллион сомонӣ ва қарзи давлатӣ 476,1 миллион сомонӣ, дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 5,8 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Ин имконият дод, ки соҳаҳои энергетика, нақлиёт, сохтмон ва иҷтимоӣ беш аз 90 % маблағгузорӣ шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






