Семинар дар мавзӯи иқлим ва амният
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Аз 14 то 17 ноябр Созмони ҳамкорӣ ва амният дар Аврупо (САҲА) ва Агентии экологии Аврупо дар шаҳри Душанбе аз рӯи масъалаи тарҳрезии мавзӯи «Оқибати тағйири иқлим барои об, энергетика, кишоварзӣ ва амнияти Осиёи Марказӣ» семинар доир менамоянд. Дар ин чорабинӣ мутахассисону коршиносони ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсоя, ҳамчунин кормандони созмонҳои байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, намояндагони аҳли тиҷорат ва сиёсатмадорон иштирок менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.