Шӯрои туризми ИДМ баргузор гардид

Октябрь 24, 2011 12:50

Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи  Хайруллоҳ). —  Рӯзҳои  21 — 22  октябри  соли  ҷорӣ   дар шаҳри  Киеви  Украина ҷаласаи навбатии  Шӯрои  туризми  кишварҳои  аъзои  ИДМ  баргузор гардид. Дар  кори  он  аъзои  Шӯро,  Раиси  Кумитаи  ҷавонон, варзиш ва  сайёҳии  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов  иштирок  ва суханронӣ  намуд. Дар ҷаласа  рушди  туризм  дар  кишварҳои  аъзои  ИДМ  баррасӣ   гардид. Аз  ҷумла қайд  гардид, ки  дар  сурати  тарғибу  ташвиқи  дуруст ва  мақсадноки   захираҳои  туристии   кишварҳои  аъзо метавон  шумораи  бештари  сайрхатҳоро  ба  кишварҳои  аъзо ҷалб намуд.Бо  ин мақсад  пешниҳод гардид, ки дар мӯҳлати  кӯтоҳтарин  дар  шабакаи  ҷаҳонии  Интернет сайти  туристии Шӯро  ташкил  ва  маводи  таблиғотии  туристии  кишварҳои  аъзо ҷой  дода шавад. Кишварҳои  аъзои  Шӯро табодули  таҷрибаи  якдигарро  дар  бахши  омори  туризм  зарур шумориданд. Ҳамзамон пешниҳод  гардид, ки  сайрхатҳои  якҷояи туристии  байни кишварҳои  аъзо ба  роҳ  монда шаванд. Кумитаи  ҷавонон,  варзиш ва  сайёҳии  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  мақсади  тақвияти  ҳисси  ватанпарастӣ,  дидор  аз мавзеъҳои  таърихӣ  ва  ҳавасмандгардонии  хонандагону  донишҷӯён санаи  3  ноябри  соли равон  экскурсияи  хонандагонро  аз ҳисоби  барандагони  Стипендияи  Президентӣ  ва  донишҷӯёни фаъол  ба  мавзеи  таърихии  «Қалъаи  Ҳисор»  ба  роҳ  мемонад.  Бояд  тазаккур   дод, ки  иқдоми  мазкур  метавонад дар  таҳкими   раванди  худшиносии  миллӣ  ва тарбияи насли  наврас  дар  рӯҳияи меҳанпарастию  ватандӯстӣ заминаи  мусоид  фароҳам  оварад.Дар  ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Саломат  Шарипова,  мутахассиси  пешбари  бахши  иттилоотию  таҳлилии  Кумита иттилоъ дод.

Октябрь 24, 2011 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ