Суғд: ду ноҳия супориши пахтасупориро иҷро намуд

Октябрь 5, 2011 11:55

Хуҷанд, 5 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Санавбар  Мақсудова). – Пахтакорони  ноҳияҳои  Ашт ва  Конибодоми  вилояти  Суғд  аз иҷрои супориши  солонаи ҷамъоварии  хосили  пахта хабар  доданд.Дар  ин  бора  муовини  раиси  вилояти  Суғд  Аҳмадҷон Қобилов  ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар»  иттилоъ  дод. Мувофиқи  суханони  манбаъ,  пахтакорони  ноҳияи  Ашт  то  имрӯз  8  ҳазору  74  тонна   пахта ҷамъовари  намудаанд, ки  ин аз  супориши  пешбинишуда 74  тонна  зиёд  аст. Деҳқонони  ноҳияи  Конибодом  ба ҷойи  12  ҳазор  тоннаи  нақша  12 ҳазору  506 тонна «тиллои  сафед» ҷамъоварӣ  намудаанд. Пахтакорони  ноҳияҳои  Масчоҳ,  Ҷаббор  Расулов  ва  Бобоҷон  Ғафуров дар  арафаи  иҷрои нақша  мебошанд. Деҳқонони  ноҳияҳои  номбурда  то  имрӯз  аз  70  то  87  фоизи  супориши  пешбинишударо   иҷро  намудаанд. То  имрӯз  дар  вилояти  Суғд  ҷамъ 80  ҳазору  495  тонна  пахта  ғундошта шудааст, ки  ин  баробари 76,66 фоизи  супориш  мебошад.

Октябрь 5, 2011 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд