Суди Қазоқистон фаъолияти ҳизби коммунистиро қатъ намуд

Октябрь 6, 2011 10:58

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Фаъолияти Ҳизби коммунистии Қазоқистон ба муддати ним сол қатъ гардид. Ин қарорро суди байниноҳиявии шаҳри Алмаато оид ба корҳои маъмурӣ бо хоҳиши прокуратура қабул кардааст. Ҳизби коммунистӣ барои иштирокаш дар ҳаракати мухолифини «Ҷабҳаи мардум» ҷазо дидааст.

Октябрь 6, 2011 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш