Тағйироту иловаҳо ба се Кодекс
Душанбе, 17 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат 17 октябр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами вобаста ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар баррасӣ гардиданд.Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки аъзои Шӯро лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растанӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»-ро баррасӣ намуданд. Лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2014 ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани Низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ мавриди муҳокимаи аъзо қарор гирифтанд.Зикр шуд, ки лоиҳаи ин қонунҳо ҷиҳати баланд бардоштани вазъи зиндагии аҳолии кишвар муҳим буда, таҳия ва пешниҳоди чунин лоиҳаҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба парлумон омили асосии рушди бахшҳои гуногуни ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






