Таваҷҷӯҳи соҳибкорони аврупоӣ ба гиёҳҳои Тоҷикистон

Октябрь 20, 2011 16:34

Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масоили гиёҳпарварӣ ва коркарди гиёҳҳои хушбӯй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 октябр дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо соҳибкори фаронсавӣ Франсис Петре, ки дар соҳаи коркарди гиёҳҳои хушбӯй фаъолият дорад, муҳокима гардид. Д. Саидов дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки дар Тоҷикистон дар соҳаи гиёҳпарварӣ имкониятҳои зиёд мавҷуд буда,  ҷиҳати густариши минбаъдаи соҳа ҷалби сармоягузории мустақим зарур аст. Қонунгузории ҷории Тоҷикистон дар самти сармоягузорӣ ва пешбурди тиҷорат дар мамлакат барои сармоягузорон фазои мусоидро фароҳам овардааст. Франсис Петре иқтидору имкониятҳои хуби соҳаи гиёҳпарварии Тоҷикистонро таҳлил намуда, ҷиҳати пешбурди соҳа ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни соҳибкорони мамлакат  ва давлатҳои Аврупову ИМА-ро, ки талабот ва бозори хуби гиёҳпарвариро доро мебошанд, пешниҳод намуд.  Аз  соҳибкори фаронсавӣ ба рушди истеҳсоли равғани анҷибар (геран) таваҷҷӯҳи  хос зоҳир намуд.Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин замина ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн барои ҷалби сармояи давлатҳои Аврупо ва ИМА ба соҳаи мазкур омодагии комили муштаракро иброз доштанд.

Октябрь 20, 2011 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ