Турсунзода-арбоби давлатӣ ва шоири ватансаро

Октябрь 14, 2011 14:34

Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз дар театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  бахшида ба 100-солагии шоири бузурги тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон- Мирзо Турсунзода маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханронии худ иброз дошт, ки  устод Мирзо Турсунзода ҳамчун арбоби барҷастаи сиёсиву фарҳангӣ ва шоири машҳури миллати тоҷик ба халқу Ватан хизматҳои арзанда карда, аз худ мероси адабии гаронарзиш боқӣ гузоштааст.Ҳамчунин зикр гардид, ки устод Мирзо Турсунзода  дар радифи машҳуртарин нависандагон ва арбобони даврони худ бо  талошҳои сулҳхоҳонааш  на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа ва ҷаҳон низ шӯҳрат ёфта буд.Сарвари давлат ба аҳли зиё пешниҳод намуд, ки кору пайкори ватандӯстонаи устод  Турсунзодаро ҳамчун раҳнамо ва намунаи олии ибрат пазируфта, дар таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ ва рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда  гузоранд.Дар хотима бо иштироки устодон ва ҳунармандони шинохтаи санъат аз эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода барномаи ҷолиби ҳунарӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Октябрь 14, 2011 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд