Ягона қонун дар миқёси Осиёи Марказӣ
Душанбе, 28 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ нахустин кишварест, ки дар соли 2010 қонун дар бораи Ҳилоли Аҳмарро қабул кардааст». Ин матлабро Зафар Муҳаббатов, котиби кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон /ҶҲАТ/ дар ҷараёни сӯҳбати мизи мудаввар 27 октябр ба намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ баён намуд. Мавсуф доир ба таърих, ҳадаф ва самти фаъолият, қонун, барномаҳо ва лоиҳаҳои ҶҲАТ ибрози назар намуда, зикр кард, ки ҶҲАТ дорои 69 шӯъба ва 15 ҳазор ихтиёриён аст. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҶҲАТ бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх /КБСС/ ва Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар /ФБҶСС ва ҲА / ва ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари кишварҳои ҷаҳон ҳамкории устувор дорад. Нақши ҶҲАТ дар мавриди расонидани ёрии аввалиндараҷа, хусусан кӯмакҳои тиббию башардӯстона ба зарардидагони офатҳои табиӣ, аз қабили сел, зилзила, обхезӣ, ҳавои сард калон буда, дар зарфи 5 соли охир 25 ҳазор нафар аз ёрии ин созмон бархӯрдор гардидаанд.Дар сӯҳабати мизи гирд Северин Шаппаз , роҳбари намояндагии КБСС дар Тоҷикистон, Эрик Мишел Селлиер, роҳбари намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, кормандони бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи ҶҲАТ ва КБСС дар Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шафиев ва Елена Филатова доир ба фаъолияти созмонҳои мазкур, рисолати онҳо ва нақшаҳои минбаъдаашон ба намояндагони ВАО иттилоъ доданд.Котиби кулли ҶҲАТ Зафар Муҳаббатов аз намояндагони ВАО даъват намуд, ки ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо, тарғиби инъикоси ҳарчи бештари фаъолияти ҳаракати башардӯстона саъй намоянд.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






