Ягона қонун дар миқёси Осиёи Марказӣ

Октябрь 28, 2011 08:37

Душанбе, 28 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ нахустин кишварест, ки  дар соли 2010 қонун дар бораи Ҳилоли Аҳмарро қабул кардааст». Ин матлабро Зафар Муҳаббатов, котиби  кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон /ҶҲАТ/ дар ҷараёни сӯҳбати мизи мудаввар 27 октябр ба намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ баён намуд. Мавсуф доир ба таърих, ҳадаф ва самти фаъолият, қонун, барномаҳо ва лоиҳаҳои ҶҲАТ ибрози  назар намуда, зикр кард, ки ҶҲАТ дорои 69 шӯъба  ва 15 ҳазор ихтиёриён аст. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҶҲАТ бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх /КБСС/ ва  Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар /ФБҶСС ва  ҲА / ва ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари кишварҳои ҷаҳон ҳамкории устувор дорад. Нақши ҶҲАТ дар мавриди расонидани ёрии аввалиндараҷа, хусусан кӯмакҳои тиббию  башардӯстона ба зарардидагони офатҳои табиӣ, аз қабили сел, зилзила, обхезӣ, ҳавои сард калон буда, дар зарфи 5 соли  охир 25 ҳазор нафар аз ёрии ин созмон бархӯрдор гардидаанд.Дар сӯҳабати мизи гирд Северин Шаппаз , роҳбари намояндагии  КБСС дар Тоҷикистон, Эрик Мишел Селлиер, роҳбари намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, кормандони бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи ҶҲАТ ва КБСС дар Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шафиев ва Елена Филатова доир ба фаъолияти созмонҳои мазкур, рисолати онҳо ва нақшаҳои минбаъдаашон ба намояндагони ВАО иттилоъ доданд.Котиби кулли ҶҲАТ Зафар Муҳаббатов аз намояндагони ВАО даъват намуд, ки ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо, тарғиби инъикоси ҳарчи бештари фаъолияти ҳаракати башардӯстона саъй намоянд.

Октябрь 28, 2011 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад