Заминҳои ҳосилхез ё хоҷагиҳои сертаҷриба

Октябрь 6, 2011 10:23

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар майдони 16 ҳазору 28 га картошка кишт шудааст, ки аз ин масоҳат бояд 351 ҳазору 435 тонна картошка ҷамъоварӣ шавад.Ба иттилои манбаъ, то 26 – уми сентябр аз масоҳати 6 559 гектар 131 ҳазору 467 тонна картошка чамъоварӣ шудааст. Ҷамъоварии ҳосили картошка дар вилояти Хатлон аз ҳар гектар 170,9, ВМКБ – 169,7, вилояти Суғд – 230 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 209,7 сентнериро ташкил додааст. -Аз ин маълум мегардад, ки ҳосилнокии картошка дар замини ноҳияҳои кӯҳистон нафақат ба шароити табии он, балки ба таҷрибаи хоҷагиҳои картошкапарвар низ вобастагии зиёд дорад, вагарна чаро дар ноҳияҳои ВМКБ аз ҳар гектар 169,7 ва дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд аз ҳар га 230 сентнерӣ ҳосили картошка рӯёнида мешавад,- иброз дошт муовини вазир Шукрулло Раҳимназаров ба мухбири АМИТ «Ховар».

Октябрь 6, 2011 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд