Ҳамкориҳои муфиди Тоҷикистон ва ЮНЕСКО
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Кароматулло Олимов ва Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО, сафир Рустамҷон Солиев бо Мудири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Ирина Бокова дар шаҳри Париж мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима гардид. Мусоҳибон ба раванди равобити миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баҳои мусбат доданд. Дар ҳошияи он ҷонибҳо ҳамчунин ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои мушаххасро дар соҳаи илм, маориф ва фарҳанг баррасӣ карданд.Дар ин бора аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






