Интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад

Ноябрь 1, 2011 15:45

Душанбе, 1 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аз соати 22.00 –и  1 ноябр то соати 24.00 -и 2 ноябр интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳи обрасонии  фишорӣ ба маҳаллаҳои  Шараф, Ал-Берунӣ, беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии№3,  Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе, Варзишгоҳи марказии ноҳияи Сино, инчунин, кӯчаҳои Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С. Ғанӣ), М. Турсунзода, Шевченко, Шероз,  Рӯдакӣ,   Шотемур,  Ф. Ниёзӣ,  И.Сомонӣ,  А. Командир,  М. Холов,  Л. Шералӣ,  Ғ. Абдулло,  Л. Толстой,  Парвин,  Пушкин ва Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонӣ қатъ карда мешавад.Аз Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тадбир бо мақсади омода намудани истгоҳи фишорӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012  бар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе андешида шудааст.Аз тамоми сокинони маҳаллаю кӯчаҳои мазкур  хоҳиш карда мешавад, ки оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

Ноябрь 1, 2011 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд