Ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илми фундаменталӣ
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Аз 15 то 16 декабр дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илми фундаменталии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар чаласа 14 масъала, аз ҷумла, масоили интихоби раиси Шӯро, ташкили Бунёди байнидавлатии таҳқиқи фундаменталӣ ва инноватсияҳо, рафъи монеаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳатӣ татбиқи якҷояи лоиҳаю барномаҳои калони илмӣ, ташкили гурӯҳҳои корӣ оид ба тарҳрезии пешниҳодҳо аз рӯи самту шаклҳои афзалиятноки ҳамкорӣ баррасӣ мешаванд.Хотирнишон месозем, ки пешниҳод дар бораи ташкили Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илми фундаменталии давлатҳои аъзои ИДМ бори нахуст дар машварати роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ оид ба илму техника моҳи октябри соли 2008 дар шаҳри Бишкек ироа шуда буд. Ба ҳайати Шӯро роҳбарони мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи илм, роҳбарони академияҳои миллии улуми кишварҳои аъзои Иттиҳод шомиланд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






