Ҷоиза ба «Гӯрзод ва писари ӯ Аваз»

Декабрь 28, 2011 15:01

Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-28-уми декабр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни байналмилалии сенарияҳо аз рӯи ривоятҳо, афсонаҳо ва эпосҳои қаҳрамонии халқҳои Осиёи Миёна ва Куриё баргузор гардид. Дар ин маросим вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва сафири Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ён Ҷон Гу иштирок намуданд. Ғолибони озмун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Садрӣ Умар дар номгӯи «Матни пурра» бо намоишномаи «Гӯрзод» соҳиби ҷоизаи пулӣ ба маблағи 5 000 000 юан ва Равшан Раҳмонӣ дар номгӯи «Нақшаи сенариявӣ» бо сенарияи телесериали «Гӯрзод ва писари ӯ Аваз» соҳиби ҷоизаи пулӣ ба маблағи 1000000 юан гардиданд. Дар охир сӯҳбати вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва сафири Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ён Ҷон Гу баргузор гардид. Онҳо аз ҳамкории фарҳангии байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда ва ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо таъкид намуданд.

Декабрь 28, 2011 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд