Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид

Апрель 16, 2026 08:20

ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кишти баҳорӣ оғоз шуд. Барои сари вақт ва дар муҳлати муайян кишт намудани зироат аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон 7 трактори хурд ба кишоварзони ноҳия тақдим гардид.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ноҳия нисбат ба дигар ноҳияҳои вилоят аз  ҷиҳати иқлим ва замини ҳамвору ҳосилхез бартарӣ дорад.

Сармутахассиси бахши кишоварзии ноҳияи Рӯшон Ибодат Бозидова иброз намуд, ки маҳз ҳамин омилҳоро ба назар гирифта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба соҳаи кишоварзӣ аҳамияти хос медиҳад. Ҳамчунин ба таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техникаю механизмҳои кишоварзӣ, нуриҳои органикию минералӣ пайваста диққ мешавад.

Соли 2026 бо истифода аз шароити мусоиди  обу ҳаво корҳои саҳроии баҳорӣ  барвақттар  оғоз гардиданд. Тамоми техникаю механизмҳои кишоварзӣ ба кишту кори баҳорӣ як моҳ пеш омода гардиданд. Дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ 50 трактори гуногунтамға, 9  култиватор, 35 испори оҳанӣ ва дигар механизми кишоварзӣ мавҷуд аст.

Раванди  корҳои саҳроӣ дар ноҳия  бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ нишон медиҳад, ки заҳматҳои кишоварзон барабас нарафта, на танҳо бозорҳои маҳаллӣ бо маҳсулоти кишоварзию сабзавоти полезӣ таъмин мегарданд, балки миқдори муайяни он ба минтақаҳои дигари мамлакат низ бароварда мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон

Апрель 16, 2026 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш