Бунёди манзили зист дар Кӯлоб

Декабрь 27, 2011 09:09

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти идораи меъмории шаҳри Кӯлоб, соли ҷорӣ дар маркази шаҳр 146 иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва иншооти бахши маорифу тандурустӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.Баъди рух додани офати табиии соли 2010 садҳо оилаҳо дар маҷрои дарёчаи Тебалай бехонаю ҷой монданд. Бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ барои зарардидагон дар 11 қасабаи шаҳр замин барои сохтмони манзил ҷудо карда шуд. Танҳо дар ин шаҳракҳои навбунёди шаҳри Кӯлоб барои 1677 оила биноҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудаанд ё сохтмонашон дар арафаи анҷомёбист. Соли ҷорӣ ҳамчунин дар чор ҷамоати ноҳияи Кӯлоб барои сохтмони манзил 300 гектар замин барои сохтмони манзил ҷудо гардид, ки ҳоло наздик ба ду ҳазор оила ба сохтмони манзили зист машғуланд.

Декабрь 27, 2011 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд