Донишҷӯи ДИТ 1000-умин узви ҳизб
Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 9 декабр дар кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дӯстии халқҳо»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ ҷаласаи васеъ бахшида ба 15 –умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ баргузор шуд, ки дар он Абдуллохон Қаландаров, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ширкат дошт. Иштирокдорони ҷаласа ҳисоботи солонаи раиси Кумитаи мазкури иҷроияи ибтидоии ҲХДТ Нозимҷон Нидоевро доир ба фаъолияти кумита шунида, баҳои қаноатбахш доданд. Инчунин 183 нафар ба узвияти ҲХДТ пазируфта шуданд, ки донишҷӯи бахши дуюми Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон /ДИТ/ Фирӯзаи Саъдулло 1000-умин узви ҳизб дар кумитаи иҷроияи номбурда гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Амирҷон Вазиров, сардори дафтари матбуоти ректори ДИТ иттилоъ дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






