Хабарҳо аз хориҷи кишвар
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Мунсиф Марзуки президенти нави Тунис интихоб гардид. Аз ҷумлаи 217 нафар вакилони маҷлиси муассисони Тунис 153 нафарашон номзадии Марзукиро дастгирӣ намуданд. Дар назар аст, ки Марзуки роҳбари ҳизби исломгарои «Наҳда» Ҳамадӣ Чебейлиро, ки дар интихоботи маҷлиси муассисон пирӯз шуда буд, сарвазири кишвар тайин мекунад.хххНамояндаи мухолифини Беларус Алес Михалевич, ки 12 декабр дар фурудгоҳи шаҳри Варшаваи Лаҳистон дастгир шуда буд, озод карда шуд. Дар бораи озод шудани Михалевич ҳамсари ӯ ба намояндагони васоити ахбори омма хабар дод. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Михалевичро бо дархости прокурори Беларус дастгир намудаанд.хххДар ноҳияи Хасавюрти Доғистон 3 нафар силоҳбадастони гумонбар кушта шуданд. Кормандони мақомоти қудратӣ автомобили гуморбурдаро, ки мусофиронаш оташ кушоданд, боздошта, онҳоро дар маҳалли воқеа куштанд.хххДар газопроводи музофоти Ҳомси Сурия таркиш рух дод. Шоҳидон хабар доданд, ки дар маҳалли таркиш сӯхтори сахте ба миён омад. Аз ин пештар дар музофоти Ҳомс лӯлаи нафт тарконида шуда буд. xxxРаиси порлумони Қирғизистон Аҳмадбек Келдибеков аз 14 декабр истеъфо медиҳад. Ноиби раиси порлумон Боқит Турабоев дар ҷаласаи ғайринавбатӣ аризаи дахлдорро қироат намуд. Келдибеков сабаби тасмимро дар бораи даст кашидан аз ваколатҳояш бо «парокандашавии эътилофи аксарият ва нигоҳ доштани сулҳу субот» маънидод кард. Дар ҷануби Қирғизистон ва дар пойтахти он бо иштироки садҳо нафар одамон баҳри дастгирии раиси порлумон ҳамоишҳо баргузор шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






