Медалҳои биринҷии Хоркашев ва Асронқулов

Декабрь 13, 2011 11:21

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). – Ду гӯштингири тарзи самбои тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев ва Неъматуллоҳ Асронқулов дар мусобиқоти УШ байналмилалӣ оид ба самбо барои дарёфти мукофоти Устоди шоистаи варзиши Русия Ашот Маркарян соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд. Мусобиқа 10 декабр дар шаҳри Армавири Русия баргузор шуд. Дар ин мусобиқа дастаҳои гӯштингирони Русия, Беларус, Украина, Гурҷистон, Арманистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон иштирок доштанд. Аз ҷониби дастаи мунтахаби Тоҷикистон 8 нафар варзишгарон қувваозмоӣ намуданд.

Декабрь 13, 2011 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш