Ҳамкории минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Лайлак»
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 30 январи соли равон дар вилояти Суғд байни минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва минтақаи озоди «Лайлак»-и Ҷумҳурии Қирғизистон Ёддошт доир ба ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ ба имзо расид. Ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки мақсад аз имзои ин созишнома ташкили ҳамкории байниҳамдигарии иттилоотӣ, дастгирии сармоягузорон баҳри татбиқ ва маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионии ҳудуди минтақаи озодӣ иқтисодӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ин санад муддати се сол татбиқ гардида, ҳамкории дуҷониба дар ташкили намоишҳо, конфронсу симпозиумҳо ва дастгирии ҳамкориҳо ва ташкили бозорҳои нав роҳандозӣ мешавад. Ҳамчунин Ёддошт ба ҷалби сармоягузорони хориҷӣ мусоидат намуда, барои рушди марказҳои савдо, бозор, мағозаҳо ва соҳибкорон таъсири хуб мебахшад. Бояд гуфт, ки ба ин санад зиёда аз 15 ташкилоти иқтисодии кишварҳои гуногун имзо мондаанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






