Доварон имтиҳон мешаванд

Февраль 3, 2012 08:59

Душанбе, 3 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия барои доварони FIFA аз кишварҳои аъзои Конфедератсияи футболи Осиё ҷамъомад ва санҷишҳои тестӣ аз тарбияи ҷисмонӣ гузаронида шуданд. Ягона намояндаи Тоҷикистон, довари дараҷаи байналмилалӣ Рустам Холов аз ин санҷишҳо гузашта натавониста, берун аз доварии мусобиқоти байналмилалӣ монд. Акнун дар имтиҳонҳои навбатӣ, ки баҳор баргузор мешаванд, ӯ метавонад бори дигар аз санҷиш гузарад.

Февраль 3, 2012 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш