Истеҳсоли дару тирезҳои пластикӣ дар Суғд

Февраль 2, 2012 14:59

Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дирӯз намояндагони маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» аз ҷараёни корҳои сохтмонии коргоҳи «Равзана Пластик» дидан карданд.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур аввалин шуда моҳи апрели соли равон дар Тоҷикистон истеҳсоли ҷузвҳои пластикиро барои сохтани дару тирезаҳои пластикӣ ба роҳ мемонад. Ин коргоҳ бо дастгирии сармоягузорони хориҷӣ бо васоили техникии муосир таъмин гаштааст. Маҳсулоти «Равзана Пластик» минбаъд дар бозори кишвар рақобатпазир хоҳад шуд. Корхонаи «Равзана Пластик», ки дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» тирамоҳи соли гузашта ба қайд гирифта шудааст, сохтмони нави сехи истеҳсолиро дар муддати шаш моҳ ба анҷом расонид. Алҳол корҳои насбу танзими таҷҳизоти техникӣ оғоз шудааст.

Февраль 2, 2012 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд