Кор дар нақби «Шаҳристон» идома дорад
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Кор дар нақби «Шаҳристон», ки пойтахти ҷумҳуриро бо шимоли кишвар пайваст мекунад, идома дошта ва роҳкушоӣ дар он бояд то моҳи апрели соли ҷорӣ анҷом ёбад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Маркази татбиқи лоиҳаи эъмори роҳи мошингарди «Душанбе – Чаноқ» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, то имрӯз дар ин ҷо ба масофаи беш аз 5 ҳазор метр нақб канда шудааст. Масофаи умумии нақби нақлиёти автомобилӣ 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Ҳамзамон бинокорон бетонрезии нақбро давом медиҳанд. То имрӯз аз ҳар ду тарафи нақб масофаи беш аз 4 ҳазор метр бетонрезӣ шудааст.Хотирнишон месозем, ки аз ин пеш мӯҳлати ба истифода додани нақби «Шаҳристон» ба охири соли 2012 гузаронида шуда буд. Сохтмони ин нақб ҳанӯз 22 августи соли 2006 оғоз ёфта буд. Нақби ағбаи «Шаҳристон» дар 180 километрии роҳи мошингарди «Душанбе — Хуҷанд» дар сарҳади байни ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристон воқеъ аст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






