МАҶАЛЛАИ «ТОҶИКИСТОН» дар феҳрасти ҷаҳонии нашрияҳои даврӣ

Февраль 14, 2012 17:38

Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Ибтидои соли равон ба Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» муяссар гардид, ки бо Маркази байналмилалии Рақами стандарти байналмилалии нашрияҳои даврӣ ва давомдор (ISSN) робитаи хешро ба роҳ монад. Бо мусоидати ин маркази Тоҷикистон (тобеи «Хонаи китоби Тоҷикистон») аз миёни нашрияҳои кишвари мо маҷаллаи «Тоҷикистон» аввалин шуда ба он шарафёб гардид, ки расман ба узвияти Маркази миллии ISSN ва ҳамзамон ба узвияти Маркази байналмилалии ISSN пазируфта шуда, дар феҳрасти ҷаҳонии нашрияҳои даврӣ ҷой гирад. Мо ин падидаи некро ба кормандони маҷалла табрик гуфта, барояшон кори пурсамари эҷодӣ таманно дорем.Бояд гуфт, ки Маркази байналмилалии ISSN ба сохтори Созмони бонуфузи ЮНЕСКО шомил буда, дар пойтахти Фаронса, шаҳри Париж мустақар аст. Низоми ISSN дар бештар аз 130 кишвари ҷаҳон истифода мегардад. Сироҷиддин Икромӣ, муовини директори кулли «Хонаи китоби Тоҷикистон» зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Раъно Нусратуллоева мақсаду ҳадафҳои ба узвияти Марказҳои миллӣ ва байналмилалии ISSN пайвастани нашрияҳои даврӣ ва давомдорро чунин шарҳ дод:-Тавре ки алоқамандони табъу нашр иттилоъ доранд, барои танзими бақайдгирии осори нашрӣ, бозори китоб ва ҳисоби омори осори нашрӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ стандартҳои байналмилалӣ, аз қабили ISBN (Рақами стандарти байналмилалии китоб), ISSN (Рақами стандарти нашрияҳои даврӣ ва давомдор), ISMN (Рақами стандарти байналмилалии осори нашрии адвор) ва ғайра пешбинӣ шудаанд. Кишвари мо ҳанӯз соли 2005 шомили Агентии байналмилалии ISВN (Рақами стандарти байналмилалии китоб) гардида буд, ки ин маънои пайгирӣ аз як стандарти байналмилалӣ дар нашри китобро дошт. ISSN ба ибораи дигар, рамзи (коди) ҳарфӣ — рақамии хоси бақайдгирӣ буда, барои кодикунонии нашрияҳои силсилавӣ бо мақсади идентификатсиякунонии онҳо амалӣ карда шуда, аз аббревиатураҳои ISSN ва 8 рақам иборат аст. ISSN аз тарафи Маркази байналмилалӣ ва Марказҳои миллии ISSN аз рӯи усули ягона ба унвони калидии нашрияи даврӣ (силсилавӣ) дода мешавад. ISSN имконият медиҳад, ки ҳар як нашрияи даврӣ (силсилавӣ) сарфи назар аз он, ки дар куҷо, ба кадом забон ва дар кадом навъи ҳомили маълумот ба нашр расидааст, идентификатсия карда шавад. Ин рақами стандарти даврӣ (силсилавӣ) ба таври васеъ дар тамоми ҷаҳон истифода мегардад. Он барои китобхонаҳо, агентиҳои обуна, муҳаққиқону олимон, ки ба иттилоот сару кор доранд, агентиҳои хабаргузорӣ ва ҳамчунин барои идентификатисияи нашрияҳои даврӣ (силсилавӣ) зарур аст.ISSN ба ноширон, китобфурӯшон, китобдорон, кормандони илмӣ имконият медиҳад, ки бо усули дар тамоми ҷаҳон эътирофшуда, бидуни монеа аз рӯи ниёз нашрияи даврӣ (силсилавӣ)-ро паҳн кунанд, раванди таҳия ва то ба дасти муштарӣ расидани нашрияро такмил бахшанд.Ба шумори нашрияи даврӣ (силсилавӣ) он нашрияҳое шомил мешаванд, ки дар тӯли замон ба нашр расида, ба таври муназзам, дар фосилаи муайян ва ё номуайяни вақт чоп мешаванд, аз рӯи рақам ва ё санагузорӣ яксон таҳия гардида, унвони умумӣ (ягона) ва тибқи қоида андозаи якхела доранд. Маҳаки асосӣ барои истифодаи ISSN даврӣ будани нашрия аст, ки дорои унвони ягона буда, қаблан аз рӯи вақт ва мӯҳлат маҳдуд карда нашудааст. Вай нашрияро аз лаҳзаи омодасозӣ ҳамроҳӣ мекунад ва василаи муҳими ҳамбастагии ҳамаи иштирокчиёни умури табъу нашр ба ҳисоб меравад.Дар остонаи ҷашни 100-солагии таъсисёбии Матбуоти тоҷик ба узвияти Маркази байналмилалии ISSN қабул шудани маҷаллаи «Тоҷикистон»-ро метавон чун фоли нек ҳисобид.

Февраль 14, 2012 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд