Медали биринҷии Бахтиёр Чоршанбиев

Февраль 3, 2012 09:00

Душанбе, 3 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Бино ба хабари Кумитаи миллии олимпии мамлакат дар шаҳри Тошканд мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи дзю-до миёни паҳлавонони соли таваллудашон 1993 ва 1994 баргузор гардид. Дар мусобиқа варзишгарони тоҷик низ ширкат варзиданд. Намояндаи кишвари мо Бахтиёр Чоршанбиев дар вазни 81 кг барандаи медали биринҷии мусобиқа шуда, тавонист дар ин вазн варзишгарони 4 кишвари ҳамсояро мағлуб намояд.

Февраль 3, 2012 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш