Анҷумани соҳибкорон дар ҳошияи Конфронси панҷуми RECCA-5

Март 26, 2012 14:05

Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ стратегияи ислоҳоти куллии иқтисодию иҷтимоиро ба манзури бунёди заминаи низоми навини иқтисодиёт ва таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум амалӣ намуда, ба таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёт, навсозӣ ва босамар намудани фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ворид намудани технологияҳои нав таваҷҷӯҳи хоcса дорад», — зикр дошт cарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани соҳибкорон дар ҳошияи Конфронси панҷуми RECCA-5.  Аз рӯи иттилои Президенти ҷумҳурӣ бо назардошти мавҷудияти захираҳои ашёи хоми хушсифат дар кишвар як силсила барномаҳои рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт пайгирона амалӣ мешавад. «Имрӯз бинобар маҳдуд будани имкониятҳои коркарди саноатӣ ҳамагӣ 11 дар сади нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ табдил дода шуда, боқимондаи он чун ашёи хом ба хориҷи кишвар содир мешавад, ҳамзамон миқдори зиёди пашм, пилла, меваҷот ва сабзавот талаф меёбад», — иброз намуд Э. Раҳмон. Тибқи барномаҳои мазкур дар кишвар бунёди як зумра корхонаҳои коркарди ин маҳсулот дар назар аст. Бо назардошти мавҷудияти шароити лозимӣ ва қувваи кории соҳибкасби нисбатан арзон ин коргоҳҳо, бахусус дар соҳаҳои нассоҷӣ, қолинбофӣ ва ғайра судовар хоҳанд буд. Дар ин соҳаҳо имкониятҳои мусоиди ҳамкорӣ дар арсаи сармоягузорӣ ва фаъолияти судманд бо кишварҳои ҳамҷавор ва умуман бо шарикони байналмилалии минтақавии мо мавҷуд ҳаст. Сарвари давлат ҳамзамон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба барномаҳои афзалиятноки иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика ва нақлиёт, ки манфиати бузург ва дарозмуддати иқтисодӣ доранду дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, ҷалб намуд. «Барномаҳои энергетикии мо, бахусус бунёди нерӯгоҳҳои обии барқӣ дар шароити имрӯза бартарии возеҳи иқтисодӣ ва стратегӣ доранд. Масалан бунёди се нерӯгоҳи бузурги Роғун, Шӯроб ва Даштиҷум бо сармоягузорӣ дар ҳудуди шаш миллиард доллар имкон медиҳад, ки беш аз 32 миллиард киловатт- соат барқ дар як сол истеҳсол карда шавад. Масорифи онҳо дар муддати кӯтоҳ бароварда мешавад», — зикр дошт Эмомалӣ Раҳмон. Татбиқи ин лоиҳаҳо имконият медиҳад, ки талаботи рӯзафзуни кишварҳои минтақа ва қисмати шимолии Осиёи Ҷанубӣ ба қувваи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон таъмин гардида, заминаи мустаҳками рушди босуръати соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва инфрасохтори онҳо фароҳам оварда шавад. Аз рӯи суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, аз ҷумла CASA-1000 ба ҳам пайвастани иқтидорҳои тавлидии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо истифодабарандагони нерӯи барқ дар Афғонистон ва Покистон дар назар аст. Барномаи дигари дорои аҳамияти стратегӣ – сохтмони хатти интиқоли барқи Роғун – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳад мебошад. Бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ иловатан имконият медиҳад, ки тақрибан ду миллион гектар замин дар қаламрави Афғонистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ обёрӣ шавад. Самти дигари муҳим аз таҷдид ва сохтмони роҳҳо, пулҳо, лӯлаҳо ва шабакаҳои об, нафт ва газ иборат аст, — ёдовар шуд Сарвари давлат. Ҳамчунин ӯ афзуд, ки дар ин самт мехоҳам лоиҳаи бузург ва ниҳоят муҳими сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон — Эронро, ки ҳамкории васеъ ва созандаро тақозо дорад, номбар намоям. Татбиқи ин лоиҳа тавассути дар оянда пайваст намудани он бо шабакаи роҳҳои оҳани Покистон имкон медиҳад, ки чор кишвар суди бузурги иқтисодӣ ба даст оранд, -таъкид намуд дар хотима Эмомалӣ Раҳмон.

Март 26, 2012 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад