Идомаи мулоқотҳои Э. Раҳмон бо иштирокдорони воломақоми Конфронси RECCA-V

Март 27, 2012 17:17

Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории иқтисодии минтақавӣ барои Афғонистон бо як қатор иштирокдорони воломақоми он аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои соҳибнуфуз мулоқотҳои судманд анҷом дод.
Зимни суҳбат бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳиҷозӣ ҳолати кунунӣ ва нақшаҳои ояндаи ду кишвар доир ба рушди ҳамкорӣ баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои сершумори ҳамкории дуҷониба, ки дар зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ ба имзо расидаанд, зоҳир карда шуд. Ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ва густариши робитаҳои судбахш зарур шумурда шуд. Ба идомаи раванди анъанавии бозомӯзиву касбомӯзии коршиносони тоҷик, ки дар чаҳорчӯбаи барномаи кӯмаки Бунёди мисрии ҳамкории техникӣ сурат мегирад, ҳавасмандӣ таъкид гардид. Ҳавасмандии зиёд, ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, дорусозӣ ва ғайра зоҳир гардид.Суҳбати пурмуҳтаво бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ламберто Занниер баргузор гардид. Ламберто Занниер барои ташкили шароити хуби кории конфронси 5-уми РЕККА, ки аҳамияти бузург ба кулли минтақа дорад, ба Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон изҳори сипос кард. Аз ҷараёни кунунӣ ва дурнамои ҳамгироии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар ҳама се самти авлавиятноки фаъолияти ин созмон – сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ арзи қаноат карда шуд. Бо изҳори хушнудӣ аз фаъолияти Коллеҷи сарҳадбонии САҲА дар Тоҷикистон, дастгирии фаъолияти нерӯҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои марбута, ҳамзамон ифтитоҳи як маркази минтақавии омӯзишӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла барои шаҳрвандони Афғонистон зарур шумурда шуд. Ламберто Занниер ба нақши Тоҷикистон дар барқарорсозии иқтисодиёт ва амну субот дар Афғонистон баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки лоиҳаҳои сершумори зербиноии дар конфронси мазкур матраҳшуда бояд мавриди пуштибонӣ ва сармоягузорӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дода шаванд. Гуфтугӯи созанда, ҳамчунин доир ба рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва равандҳои демократӣ сурат гирифт. Дар мулоқот бо Мудири минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Гурӯҳи минтақавии СММ оид ба рушд хонум Кори Удовички масоили татбиқи барномаю лоиҳаҳои сершумори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баррасӣ шуд.  «Мо фаъолияти сохторҳои фаръию ниҳодҳо ва муассисаҳои мухталифи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Барномаи рушди онро дар кишвари худ самаранок арзёбӣ менамоем», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Кори Удовички Эмомалӣ Раҳмонро бо баргузории бомуваффақияти ин конфронси бонуфузи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, ба фаъолияти Тоҷикистон, ҳамчунин чун кишвари пилотӣ дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола баҳои баланд дод. Гуфтугӯи судманд доир ба тасмимоти ояндаи Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи омодагӣ ба ҳамоиши ҷаҳонии об, ки тобистони соли равон дар Бразилия баргузор хоҳад шуд, сурат гирифт. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Тоҷикистон яке аз 6 кишвари ташаббускори ғояи “Энергия барои ҳама” дар ҷаҳон аст. Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба дастгирии минбаъдаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, беҳдошти фаъолият дар соҳаҳои маор
Ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории бисёрпаҳлуи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Иҷрокунандаи вазифаи Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии ин созмон Андрей Василев баррасӣ шуд.Ба фаъолияти Комиссияи Иқтисодии Аврупоӣ доир ба татбиқи Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода шуд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки лоиҳаҳои сершумори иқтисодии дар Конфронси 5-уми РЕККА муаррифигардида мавриди татбиқи босамар қарор гирифта, ба рушди Афғонистон ва кишварҳои дигари минтақа ва таҳкими амну суботи минтақавӣ мусоидати фаъол мекунанд.Зимни мулоқот бо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Маркази ин созмон дар Осиёи Марказӣ оид ба дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Енча изҳори умед намуд, ки санадҳои дар ин конфронс қабулшаванда ба бартарафсозии мушкилу монеаҳои ҳамкории минтақавӣ мусоидати фаъол мекунад.Мирослав Енча таъкид дошт, ки Маркази Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои чунин ҳадафҳои судбахш аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода мекунад.
Дар мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Алӣ ибни Фаҳд ал – Ҳоҷирӣ масоили ҳамкории рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ шуд. Алӣ ибни Фаҳд ал – Ҳоҷирӣ паёми табрикӣ ва таманниёти самимии Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сониро ба Эмомалӣ Раҳмон расонда, ба сатҳи ташкили конфронси 5-уми РЕККА ва натиҷаҳои он баҳои баланд дод. «Мо ба густариш ва муносибатҳои дӯстона ва тақвияти ҳамкории судбахш бо Давлати Қатар аҳамияти хос медиҳем ва ҳамин гуна бардоштро аз ҷониби давлати Шумо нисбат ба Тоҷикистон эҳсос менамоем», — изҳор дошт зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо маблағгузории қатарӣ бунёд ёфтани масҷиди бузурги ҷомеъ дар шаҳри Душанбе ва Маҷмааи манзиливу тиҷоратии Диёри Душанбе танҳо оғози ҳамкории густурдаи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қатар хоҳад буд. Доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати маъданҳо, бонкдорӣ ва кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорию парвариши занбӯри асал гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Тибқи мувофиқоти ҳосилшуда дар нимаи аввали соли равон бояд ҷаласаи нахустини Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ дар Душанбе барпо гардад. Таваҷҷуҳи зиёд, албатта ба масоили Афғонистон ва таъсири он минтақа низ зоҳир карда шуд.Дар фароварди Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Намояндагони махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Афғонистон ва доир ба Осиёи Марказӣ Вигаууас Ушатскас ва Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт.  Намояндагони махсуси Иттиҳоди Аврупо ба натиҷаҳои конфронси Душанбегии РЕККА баҳои баланд дода, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи созмондиҳандагони ин ҳамоиши муҳими ҷаҳониро бо ин пешрафти намоён табрик гуфтанд. Тавре зикр гардид, конфронси 5-уми РЕККА бо натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла пешниҳоди лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ ба поён расид. Аз ин хотир конфронси Душанбегии РЕККА оғози марҳилаи гузариш аз сухан ба амал номида шуд. Доир ба татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва роҳҳои бартарафсозии мушкилу монеаҳои сунъии рушди ҳамкорӣ дар ин минтақа табодули назар карда шуд. Ба гуфти Вигаууас Ушатскас ва Пйер Морел, Иттиҳоди Аврупо дар марҳилаи кунунӣ нақшаҳои кори дарозмуддати худро дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2020 тарҳрезӣ дорад. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба нақши минбаъдаи Тоҷикистон дар раванди сулҳсозию бозсозии иқтисодии Афғонистон ва минтақаи атрофи он сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 27, 2012 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад