Истиқбол аз Наврӯзи ҳуҷастапай дар нимашаб
Душанбе, 15 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар асоси қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе чорабиниҳои наврӯзӣ дар пойтахт муддати 10 рӯз- аз 17 то 27 март гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, 17 март аз соати 9 00 то 11 00 мусобиқаи варзишии Дави Наврӯзӣ, 20 март, соати 24 00 ба истиқболи қудуми неки Наврӯзи бостон дар Боғҳои устод Рӯдакӣ, Ғалаба, Пойтахт ва Боғи Дӯстии халқҳо дар зарфи 5 дақиқа мушакпарронии идона ҷараён мегирад. 20-21 март аз соати 10 00 Наврӯз дар сатҳи чор ноҳияи шаҳр дар Боғҳои Ирам, Ғалаба, Дӯстии халқҳо, майдони 800-солагии Маскав, гулгашти ба номи Мироненко бо ташкили намоишҳои идона, ки фарогири суннатҳои наврӯзӣ ва барномаҳои идонаи консертианд, истиқбол гирифта мешавад. Назар ба иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе, 22 март чорабиниҳои идонаи Наврӯзӣ дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт таҷлил мегарданд. Ҷашни Наврӯз 23 март соати 14. 00 паҳлавонону гӯштингиронро дар Варзишгоҳи марказии пойтахт ҷамъ меорад. Дар ин ҷо мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ баргузор мегардад, ки паҳлавони беҳтаринро автомобили хориҷӣ интизор аст. Бо мақсади ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани пойтахт 24 март дар ҳудуди шаҳр маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида мешавад. «Ошёни Наврӯз»- таҳти чунин унвон 25 март аз соати 11.00 дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» намоиши фарҳангии театрикунонидашуда гузаронида шуда, чорабинӣ бо мушакпарронии идонаи 7 дақиқаина ҳусни анҷом мепазирад. Воридшавӣ ба Наврӯзгоҳ ва намоиши тетатрикунонидашудаи «Ошёни Наврӯз» танҳо тавассути даъватнома сурат мегирад. Тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахти ҷумҳурӣ бо баргузории Пойгаи равон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки он 27 март, соати 10. 00 бо меъёрҳову иштироки доварони сатҳи байналмилалӣ дар Наврӯзгоҳ ҷараён мегирад, хотима меёбад. Бояд таъкид кард, ки арзиши чиптаи вуруд ба Наврӯзгоҳ баҳри тамошои Пойгаи равон 5 сомонист. Ҳамзамон шаҳрдори Душанбе бобати ғанӣ гардонидани хони идонаи наврӯзии сокинони шаҳр аз 10 то 20 март ярмарка -фурӯши маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳои шаҳр созмон додааст.