«Кашшофони Роғун» — ҳикоятгари корномаи роғунсозон

Март 1, 2012 16:01

Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Нашриёти «Адиб» китоби нави нависанда Ҷамолиддин Тошматовро таҳти унвони «Кашшофони Роғун» аз чоп баровард. «Кашшофони Роғун» китоби чаҳоруми асари шашгонаи «Нурофарон»-и нависанда буда, аз очеркҳои публисистӣ, қиссаҳои ҳаётӣ ва ҳикматҳои ибратомӯз иборат аст. Дар китоб аз идома ёфтани сохтмони нерӯгоҳи азими барқи обии «Роғун», дӯстиву ҳамкориҳои бунёдкорон, лоиҳакашону коллективҳои меҳнатӣ ва азму талоши пайвастаи нурофарон барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл мешавад. Китоб аз нӯҳ фасл иборат буда, дар онҳо роҷеъ ба корномаҳои бунёдкорони «Роғун», иқтибос аз суханони коршиносону сиёсатмадорони маҳалливу байналмилалӣ роҷеъ ба бунёди «Роғун» ва зарурату аҳамияти сохтмони ин иншооти аср сухан меравад. Аз ҷумла, дар оғози китоб суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон яке аз махзанҳои асосии пиряху обҳои соф буда, дар қаламрави он 60 фоизи захираҳои оби минтақаҳои Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад ва дар баробари дигар халқҳои минтақа мо ҳам ҳуқуқи истифода аз ин сарвати табииро дорем. Бори дигар таъкид месозам, ки ин ҳаққи ҳалоли мардуми Тоҷикистон аст ва он ба муҳити зисти минтақа ва тавозуни захираҳои обӣ умуман таъсири манфӣ намерасонад, баръакс рушди соҳаи нерӯи барқи обӣ ба пешрафти иқтисодиёти минтақа такони ҷиддӣ мебахшад» омадааст, ки аз аҳамият ва зарурати бунёди НБО «Роғун» шаҳодат медиҳанд. Ҷамолиддин Тошматов аз соли 1969 узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон буда ва соли 1972 ба медали «Бинокорони НБО «Норак» сазовор шудааст. Ӯ соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, соли 1984 номзади илмҳои таърих шудааст. Дар мавзӯи «Дӯстӣ ва ҳамкориҳои синфи коргари тоҷик бо халқҳои СССР ва меҳнаткашони мамолики хориҷӣ дар мисоли бунёди нерӯгоҳи азими Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ҳимоя карда аст.Соли 1987 сазовори ҷойизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гашта, бо асарҳои худ дар 15 озмуни байналмилалӣ, умумииттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷоизаҳо гаштааст. Соли 1999 ба шарафи 50-солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи башар ба гирифтани ҷойизаи аввали озмуни «Беҳтарин асарҳо дар мавзӯи ҳуқуқи инсон» мушарраф гардид.Соли 1991 бахшида ба 70-солагии нақшаи ГОЭЛРО сазовори ҷойизаи дуюм ва «Шаҳодатномаи фахрии озмуни умумииттифоқӣ» шуд.Муаллифи зиёда аз 60 китоби бадеӣ, илмию таълимист ва соли 1999 сазовори нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва унвони «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шудааст.

Март 1, 2012 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!