Лигаи миллии футбол: тағйирот дар ҳавасмандии доварон
Душанбе, 28 март. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Лигаи миллии футболи навтаъсис аввалин қадамҳои худро дар ҷодаи ривоҷу равнақи футбол дар кишвар аз муайян кардани маблағ барои доварӣ дар бозиҳои чемпионати мамлакат оғоз кард. Тибқи қарори ФФТ барои сардовари вохӯрӣ дар лигаи олӣ 500 сомонӣ, довари кӯмакрасон 300 сомонӣ, довари эҳтиётӣ 150 ва нозири бозӣ 400 сомонӣ муқаррар шудааст. Дар лигаи якум таносубан довари майдон бо 250, доварони кӯмакрасон бо 150 ва нозири бозӣ бо 200 сомонӣ ҳавасманд карда мешаванд. Барои масъулини мусобиқаи ҳайати ҷавонон ҳам маблағи 75, 50 ва 60 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Маблағи ҳавасмандии доварон ва масъулини бозиҳо аз ҷониби Лигаи миллии футболи Тоҷикистон пардохт мешавад. Дастаҳо танҳо харҷи сафари гурӯҳро таъмин мекунанд. Нисбат ба соли гузашта маблағи ҳавасмандкунии доварон то 40 дар сад афзудааст.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






