Тоҷикистон – СММ: 20 соли ҳамкории самаранок

Март 1, 2012 09:53

Ба 20-солагии ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид бахшида мешавадПас аз соҳиби истиқлолияти давлатӣ шудан, омили калидии ба роҳ мондани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар аъзоёни ҷомеаи байналмилалӣ аъзошавии он ба созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ба Созмони Милали Муттаҳид (СММ) буд.Тоҷикистон мекӯшид ҷиҳати эътирофи истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби дигар аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ бо онҳо, ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналхалқӣ, гузоштани саҳми сазовор ба фаъолияти фарогири Созмон, хусусан ба таҳкими сулҳ, ризоият ва пешравии умумӣ, ба Созмони Милали Муттаҳид ҳамроҳ шавад. Баъдан, СММ нақши беназири миёнаравро дар раванди музокироти сулҳи байни тоҷикон бозид, ки он бо имзошавии Созишномаи умумии иқтиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба анҷом расид. Бояд хотиррасон кард, ки соли равон ба имзои созишномаи мазкур 15 сол пур мешавад. Дар рӯзҳои аввали пас аз эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти кишвар иброз медошт, ки барои эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ ва ҳалли мусбати масъалаи аъзогии он дар СММ талошҳо хоҳад варзид. Зимни иҷлосияи Шӯрои Амнияти СММ, ки масъалаи қабули аъзоёни навро баррасӣ менамуд, Раиси он Дэвид Ханнэй (Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ) аз номи тамоми аъзоёни Шӯро бо эътиқоди қавӣ изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба кори Созмон саҳми муҳим хоҳад гузошт. Ӯ таъкид сохт, ки дар олами муосири тағйирёбанда беш аз пеш принсипи универсалӣ аҳамияти хос дорад, инчунин бо қаноатмандӣ пайравии Тоҷикистонро ба ҳадафу принсипҳои Низомномаи Созмони Милали Муттаҳид ва омодагии онро ба иҷрои тамоми ӯҳдадориҳое, ки аз ин Низомнома бармеоянд, қайд кард. 2 марти соли 1992, ҷаласаи умумии иҷлоси 46-уми Маҷмаи кулли СММ, дар асоси тавсияи Шӯрои Амният аз 29 январи соли 1992 дар бораи қабули Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва пас аз баррасии аризаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабул ба аъзогии Созмон, бо қатъномаи 46/228 пазируфтани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аъзогии Созмони Милали Муттаҳид қарор кард. Ҳамин тавр, 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттифоқи оро ба Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Дар маросими қабули Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ Вазири робитаҳои берунаи кишвар Лақим Қаюмов суханронӣ намуд. Дертар, 17 июли соли 1992, ӯ ба ҳайси нахустин Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъйин шуд. Дар оғози тирамоҳи соли 1992, дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ба Душанбе барои шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ дар кишвар директори департаменти Котиботи СММ оид ба масоили сиёсӣ Раймонд Соммерейнс ташриф овард. Охири моҳи октябри ҳамон сол дар машваратҳои Шӯрои Амнияти СММ, ки зимни онҳо вазъи баамаломада дар Тоҷикистон муҳокима мешуд, қарор дар бораи фиристодани Гурӯҳи иродаи нек ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Нимаи аввали моҳи ноябри соли 1992 дар Душанбе бо мақсади шиносоии муфассал бо вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ Гурӯҳи иродаи неки СММ таҳти роҳбарии Раймонд Соммерейнс, намояндаи шахсии Дабири кулли СММ, директори департаменти Котиботи Созмон оид ба масоили сиёсӣ қарор дошт. Ҳайати Гурӯҳ аз коршиносони ҳарбӣ ва сиёсӣ, умури паноҳандагон ва муҳоҷирон, барномаҳои иқтисодӣ ва озуқаворӣ иборат буд. Намояндагии нахустини Созмони Милал – Гурӯҳи нозирони СММ дар Тоҷикистон – 1 феврали соли 1993 дар Душанбе ифтитоҳ ёфта, ба пешбурди раванди сулҳ дар кишвар, тақвияти амалиётҳои сулҳпарвар ва расонидани кумаки оҷили гуманитарӣ такони ҷиддӣ бахшид.Моҳи майи соли 2000 дар асоси Гурӯҳи номбурда бо ибтикори Дабири кулли Созмон Кофи Аннан Дафтари СММ оид ба мусоидат ба сулҳофарӣ дар Тоҷикистон бунёд гардид. Намояндагии мазкури СММ кӯшишу талошҳои худро ҷиҳати мусоидат ба таҳкими асосҳои сиёсии давлати тоҷик, афзорҳои дохилии сулҳофарӣ, қобилияти давлат ва аҳолӣ дар ҳалли саривақтии муноқишаҳо равона кард. Моҳи августи соли 2007 Дафтар оид ба мусоидат ба сулҳофарӣ дар Тоҷикистон бомуваффақият фаъолияти худро анҷом дод. Намунаи оштии миллии тоҷиконро бо мусоидати СММ ва кишварҳои кафил ба сифати мисол дар давлатҳои дигар, ки дорои низоъҳои дохилӣ мебошанд, метавон истифода бурд. Соли 2008, аввалин маротиба ба қатори нерӯҳои байналмилалии сулҳофари СММ шаҳрвандони Тоҷикистон шомил шуданд, то ба барқарорсозӣ ва таҳкими сулҳ дар минтақаҳои алоҳидаи сайёраи мо саҳм гузоранд.Дар муддати пас аз соли 1992 Тоҷикистон тавонист на танҳо дар пайвастан ба ҷомеаи байналмилалии давлатҳо комёб шавад, балки инчунин дар он мақому манзалати намоёнро тавассути манзури ташаббусу пешниҳодҳои хислати глобалӣ ишғол кунад. Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори низоми СММ яке аз ҷабҳаҳои асосии дипломатияи бисёрсамтаи тоҷик мебошад, он ба таҳкими соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият мусоидат менамояд, барои амалисозии дигаргуниҳои минбаъда дар соҳаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра, инчунин барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ бо дигар аъзоёни СММ шароити мусоиди байналмилалӣ эҳё месозад. Зимни суханронии нахустини худ дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар иҷлоси 48-уми Маҷмаи Умумии СММ 30 сентябри соли 1993, Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, аз гуфтаҳои шоири бузурги тоҷик Саъдӣ зикр кард: Бани Одам аъзои якдигаранд,Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.Э. Раҳмон аз ҷумла бо қаноатмандӣ тазаккур дод, ки Тоҷикистон овози баробарро дар иттиҳоди миллатҳо сазовор шуд ва дарк менамояд, ки ин ҳуқуқи пурифтихор аз он ӯҳдадориҳои бузургеро тақозо мекунад. Тӯли солҳои аъзогӣ дар СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор ташаббусҳо оид ба мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, таъсиси Эътилофи зидди маводи нашъадор, бунёди “Минтақаи бехатар” атрофи Афғонистон, эълони 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз ва ғайра баромад намуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози солҳои 90-уми қарни сипаригардида, дар давраи ҷанги ашаддии шаҳрвандӣ, ба таври махсус ҳис карда мешуд, ки вазъи дар Афғонистон падидшаванда барои сулҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ хатарзо мебошад. Роҳбарияти Тоҷикистон ҷомеаи байналмилалиро, пеш аз ҳама, дар симои Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои Амнияти он, ба андешидани чораҳои муассиртарин ҷиҳати водор сохтани гурӯҳҳои афғони дар муноқиша ҷалбшуда ба қатъи амалиёти мусаллаҳона ва ба даст овардани танзими муноқиша бо воситаҳои сулҳомез даъват мекард. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, инчунин Намояндагони доимии кишвар дар назди СММ аслан дар ҳар як суханронии худ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба бӯҳрони афғон ҷалб мекарданд, баҳри нигаронидани тамоми кӯшишу воситаҳо ба ҳаллу фасли он даъват менамуданд. Зимни суханронии худ дар иҷлоси 48-уми Маҷмаи Умумӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо боварии комил иброз дошт, ки “дастгирии кӯшишу талошҳои бузурги роҳбарияти Афғонистон дар ҷодаи барқарории сулҳ дар сарзамини ҷафодидаи афғон на танҳо ба манфиатҳои ин кишвару минтақа, балки тамоми сайёра ҷавобгӯ мебуд”.Сардори давлати тоҷик дар рафти баромади худ дар иҷлоси 54-уми МУ СММ бо итминони амиқ изҳор дошт, ки роҳи ягонаи барҳамдиҳии хунрезии пурдавом дар Афғонистон танзими сиёсии низоъ аст, ки асоси онро бунёди ҳукумати дорои намояндагии васеъ, ки бояд манфиатҳои кулли гурӯҳу табақаҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва динии ҷомеаи афғонро муаррифӣ ва ҳимоя кунад, ташкил медиҳад. Тоҷикистон, ки бо халқиятҳои Афғонистон тавассути риштаҳои дӯстонаи бисёрасраи таърихӣ ва рӯҳиву маънавӣ робита дорад, хеле ҳавасманд аст, ки доираи пурзулми мухолифат тариқи муколамаи сиёсии умумиафғонӣ нобуд гардад.Президент Эмомалӣ Раҳмон ба тақвияти нақши пешбарандаи СММ ҳамчун миёнарави калидии байни тарафҳо дар ҷодаи барқарорсозии сулҳ ва ноил гардидан ба оштии миллӣ дар Афғонистон, аз ҷумла бо кӯшишҳои дигар ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳо ба мукаммал ва мустаҳкам кардани фаъолияти сулҳофарии СММ даъват кард. Хушбахтона, ҷомеаи байналмилалӣ ба даъватҳои роҳбари Тоҷикистон баҳри кумак дар ҳалли ин муноқишаи тахрибкунанда саривақт ва мусбат вокуниш нишон дод. Тоҷикистон дар қатори дигар аъзоёни ҷомеаи байналмилалӣ яке аз ташаббускорони фаъоли амалҳо оид ба истифода ва мудирияти муштараки муассири захираҳои обӣ мебошад.Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ зимни иҷлоси 55-ум бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон шуд, яке аз иқдомҳои аввалин дар ҳалли мушкилоти марбут ба об гардид. Барои ҷоннок намудани ин ибтикор, Ҳукумати Тоҷикистон бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои тахассусии СММ, Форуми байналмилалии оби тозаро, ки дар Душанбе соли 2003 баргузор гардид, ташкил кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон минбаъд бо ташаббуси эълон кардани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” баромад намуд, ки он бо қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Изҳороти Душанбе моҳи декабри соли 2003 мавриди ҷонибдорӣ қарор гирифт. Даҳсола 22 марти соли 2005 шурӯъ шуд ва ҳоло ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии захираҳои обӣ таҷлил мегардад. Соли 2005 дар асоси қатъномаи мазкури МУ СММ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои СММ Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзиро созмон дод. Барои фаъолгардонии чунин чорабиниҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли 2008 Конфронси байналмилалӣ доир ба коҳиши офатҳои табиии марбут ба обро ташкил кард. Дар натиҷаи муҳокимарониҳо дар ин Конфронс пешниҳоду тавсияҳои нав манзур гардиданд, ки дар Изҳороти Душанбе инъикоси худро ёфтанд. Мувофиқи пешниҳоди дар иҷлоси 60-уми МУ СММ манзургардида, 8-10 июни соли 2010 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 бо иштироки намояндагони 80 кишвари олам, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барпо шуд. Он ба майдони таъсирбахше барои баҳодиҳии миёнамуддати пешравӣ дар татбиқи мақсадҳои муқарраршудаи даҳсола ва муайянсозии вазифаҳои мубрам барои нимаи дуюми ин давра табдил ёфт. Моҳи декабри соли 2010 Маҷмаи Умумии СММ бо ҳамраъйӣ қатъномаеро барои эълони соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул намуд. Ғояи соли байналмилалӣ ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Нахустин маротиба бо чунин ибтикор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми ҷаҳонии об дар Истанбул моҳи марти соли 2009 баромад кард. 18 кишвар, аз ҷумла Арманистон, Қазоқистон, Россия, Украина ва ғ. ҳаммуаллифони қатънома гардиданд. Тоҷикистон, ташаббускори се қатъномаи муҳим дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ дастгирӣ ёфтанд – Соли байналмилалии оби тоза (с. 2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (с. 2013), тавонист диққати ҷомеаи байналмилалиро ба чунин мушкилоти мубрам ба монанди оби тоза ҷалб кунад, инчунин баҳри ноил гардидан ба пешравии назаррас чи дар дарку фаҳмиши проблемаҳои роҷеъ ба об ва чи дар муттаҳидсозии кӯшишу талошҳо ҷиҳати рафъи онҳо мусоидат намояд.Зимни баромад дар ҷаласаи сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Ша Тсзукан, муовини Дабири кулли СММ, хосатан қайд сохт, ки “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масоили глобалии вобаста ба об чемпиони ҷаҳон мебошад”. Инак, фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба сифати узви фаъол аз аҳамияти таърихии пайвастани кишвар ба ин ниҳоди соҳиби нуфузу эътибори универсалӣ далолат медиҳад. 2 марти соли 2012 ба узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид 20 сол пур мешавад ва бо назардошти роҳи паймуда метавон таъкид намуд, ки роҳбарият ва халқи ҷумҳурӣ талошҳои зиёд варзиданд, ташаббусҳои сершумори хеле пурсамар манзур карданд, доираи васеи чорабиниву маъракаҳои минтақавӣ ва байналмилалиро ҳам дар дохили кишвар, ҳам дар хориҷа гузарониданд, то ба тавсеаи фаъолияти Созмон, мусоидат ба муборизаи муштарак алайҳи таҳдиду чолишҳои муосири глобалӣ, татбиқи муносиби ҳадафу вазифаҳои он, аз ҷумла Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, саҳми босазо гузоранд.

Март 1, 2012 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нав мегарданд
ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид