А. Шеърдӯст: «Ҷойгоҳи мо дар ҷаҳон арзишманд аст»

Апрель 25, 2012 15:25

Моҳи майи соли равон дар Теҳрон ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон баргузор мегардад. Дар робита ба самтҳои афзали ҳамкориҳои самарабахши ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф, хусусан иқтисоду тиҷорат хабарнигори АМИТ «Ховар» мусоҳибае оростааст бо Алиасғари Шеърдӯст, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони арҷманд мегардонем:  Бинои муосир ва мондагор — Ҷаноби Сафир, соли равон аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 20 сол сипарӣ шуд. Лутфан мегуфтед, ки дар шароити феълӣ муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвари дӯсту ҳамзабон- Тоҷикистон ва Эрон дар кадом поя қарор дорад? — Муносиботи дипломатӣ ва равобити гуногунсоҳаи Тоҷикистону Эрон, ки дорои пайвандҳои ногусастанианд, дар сатҳи баланд қарор дорад. Дар зарфи 20 соли барқарории муносибатҳо байни ду кишвар санадҳои зиёди ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ба имзо расиданд, ки дар тавсеаи муносибатҳо нақши муассир мегузоранд. Моҳе, ки сипарӣ шуд, дар муносиботи Тоҷикистону Эрон моҳи муҳим буд. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бостонии Наврӯз , ки дар Душанбе ба таври шукӯҳманд таҷлил гардид, Президенти ҶИЭ Маҳмуд Аҳмадинажод бо як ҳайати баландпояи эронӣ ширкат дошт. Сарвари давлати Эрон зимни сафараш ба Тоҷикистон «Хонаи Эрон»-ро ифтитоҳ кард, ки он ҷойгоҳе барои баргузории барномаҳои ҳунарӣ, илмӣ, омӯзишӣ, намоишгоҳҳои наққошон, ҳунармандон, аккосон ва соири заминаҳост. Инчунин иштироки ҳайати баландпояи эронӣ дар конфронси «RECCA-V» ва суханронии доктор Маҳмуд Аҳмадинажод аз мавқеи кишвари мо дар ҳалли масъалаи вобаста ба қазияи Афғонистони ҳамсоя ва таъмини сулҳу салоҳ дар ин сарзамин ва минтақа шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон гузоштани хишти нахустини бинои сафорати Эрон дар шаҳраки дипломатии Душанбе воқеан як қадами муассире дар равобити ҳасанаи ҳар ду кишвар маҳсуб мешавад. Иморати мазкур, ки маҳалли он аз сӯи Ҳукумати Тоҷикистон эҳдо шудааст, дар масоҳати 9 ҳазор метри мураббаъ дар асоси меъмории суннатии шарқӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии муосир бунёд мегардад, ки яке аз биноҳои Сафорати модерн ва мондагор дар Душанбе хоҳад буд. Ҳамзамон дар пешорӯи бинои Сафорат муҷтамаи дӯстӣ бунёд мегардад, ки тарҳи он шабеҳи оромгоҳи Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ аст ва дорои се поя буда, таҷассумгари пайванди ҳамзабонии се кишвари форсизабон аст. Иқтисоду тиҷорат авлавияти ҳамкориҳост -Эрон яке аз 5 шарики муҳими Тоҷикистон дар бахши иқтисод ва тиҷорат маҳсуб меёбад ва дар оянда кадом лоиҳаҳои иқтисодиро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карданист?
 
— Дар дунёи имрӯз ҳамкориҳои иқтисодӣ аз пояҳои муҳими равобити байни кишварҳост. Бо таваҷҷӯҳ ба вижагиҳои хоси Тоҷикистон Эрон рушди равобити иқтисодиро бо Тоҷикистон яке аз авлавиятҳои барномарезии худ қарор додааст. Дар ин замина ҳам бахши давлатӣ ва ҳам хусусии Эрон фаъол буда, ба шакли рӯзафзун дар Тоҷикистон нисбат ба сармоягузорӣ икдом мекунанд. Дар як моҳи соли равон беш аз 20 ширкати ҷадиди эронӣ дар Тоҷикистон таъсис шудааст. Ширкатҳои эронӣ дар бахши кишоварзӣ, паррандапарварӣ, сохтмон, обу хок, нафту газ, саноат, маводи табдилӣ, истихроҷи маъдан ва дигар соҳаҳо дар Тоҷикистон фаъоланд. Албатта, дар ин бахш ҳам монеаҳо вуҷуд доранд, ки аз онҳо масъулини ҳар ду кишвар дар ҷараён ҳастанд ва дар ояндаи наздик ин монеаҳои ҷузъӣ бардошта мешаванд. Агар онҳо бардошта шаванд, низоми сармояҳои эронӣ ба Тоҷикистон тавсеа меёбад ва робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ беш аз пеш густариш хоҳад ёфт. Чун сармоягузорони эронӣ тавзеҳ медиҳанд: дар кишваре сармоягузорӣ бикунанд, ки ҳамзабон ва наздиктар аст, мардумонаш нисбат ба мардумони Эрон меҳру муҳаббат доранд. Ин раванд дар муқоиса нисбат ба дигар кишварҳое, ки сармоягузорӣ мекунанд, афзалият дорад. Инро ман аз бисёр тоҷирон, сармоядорон, мутахассисон ва соҳибони саноати эронӣ шунидаам. Дар сурате, ки бархе аз монеаҳои ҷузъӣ бардошта шавад, омодагӣ доранд на танҳо сармояҳои ҷадидашонро ба Тоҷикистон биёранд, балки сармоягузориҳои худашонро аз соири кишварҳо ба Тоҷикистон мунтақил кунанд. Неъмати худододӣ рушди Тоҷикистон аст -Таваҷҷӯҳи Эрон дар мавриди бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст? То ҷое мусаллам аст, Тоҷикистон аз лиҳози захираи обӣ дар минтақа ва ҷаҳон мақоми хосса дорад.
 
— Об ба унвони як неъмати худодод, муҳим ва пурбаҳо, ки Тоҷикистон ба сурати қобили таваҷҷӯҳ ва чашмгире аз он баҳраманд аст, бояд дар масири пешрафт ва рушди Тоҷикистон қарор гирад. Эрон бо назардошти он, ки бояд Тоҷикистон пешрафт кунад ва беш аз пеш дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби нуфуз гардад, барои кӯмак ба Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи манобеи об омодаи ҳама гуна ҳамкорист. Кишвари мо таҷрибаи бузург дар заминаи сохтмони саддҳо ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ҷаҳон дорад. Нерӯи фаннӣ -муҳандисии мавҷуд дар Эрон дар ин арсаи муҳим дар дунё қобили таваҷҷӯҳ аст, ки бунёди НБО «Сангтӯда-2» намунае аз онҳо аст. Бо ин собиқа барои истифода аз ин зарфият Эрон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дорад, ки дар оянда теъдоди зиёди неругоҳи барқи- обӣ дар Тоҷикистон бунёд намояд. Дар ин замина ба сурати мушаххас, ҳамзамон бо баҳрабардории НБО «Сангтӯда-2» қарордоди сохтмони НБО «Айнӣ» ба сурати куллӣ байни Сарони ҳар ду кишвар тавофуқ шуд ва байни вазирони энергетикаи Тоҷикистону Эрон ба имзо расид ва марҳилаи фаннии он оғоз меёбад. Бо истифода аз фурсат ба масъулини Тоҷикистон арз мекунам, ки агар ҳар чӣ тезтар ин масирро тай бикунанд, ворид шудан ба марҳилаи сохтмонӣ ва ба сурати баҳрабардорӣ аз ин неъмати худододе, ки агар як рӯз дертар баҳрабардорӣ шавад, як рӯз бештар обҳо аз ин сарзамин истифоданашуда берун мераванд. Ҳар чӣ зудтар ин қарордод ба саранҷом бирасад, қатъан амалиёти сохти нерӯгоҳи барқи обӣ бо василаи Эрон дар Тоҷикистон амалӣ мешавад. Бахши хусусии Эрон ҳам майл ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ва мутавассит дар Тоҷикистон ҳастанд, ки дар ин замина чанд пешниҳод ба Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ироа шудааст ва умедворем, ки онҳо ҳам масирҳои иҷроиро тай бикунанд ва зудтар ба марҳилаи шурӯи кор расанд. «Истиқлол» такмил мегардад — Ҷаноби Сафир, нақби «Истиқлол», ки аз сӯи ширкати эронӣ бунёд гардид, сохтмонаш нотамом боқӣ мондааст. Корҳои такмилӣ дар ин иншоот кай шурӯъ мегарданд?
 
— Ин нақб, яке аз иншооти бузург дар Тоҷикистон аст. Қабл аз Истиқлолияти Тоҷикистон русҳо ба сохтмони он оғоз карда буданд, баъдан паймонкорони тоҷик низ барои сохтмони нақб шурӯъ карданд.Сипас ширкати эронии «Собир» дар баландии беш аз 3000 метр дар болои кӯҳ дар сармои шадид ва сахтиҳои фаровон, ки бахше аз он ташашуоти радиатсинонӣ буд, дар масофаи 5 км нақбро бунёд карданд. Бояд зикр кард, ки дар сохтмони нақби «Истиқлол» чанд мушкилот вуҷуд дорад. Чун иншоот дар болои кӯҳ воқеъ шудааст ва дар он пиряхҳо вуҷуд доранд, бо гарм шудани ҳаво онҳо об шуда, обрезиро ба вуҷуд меоранд. Инчунин мушкилоти мухтасаре дар амри сохтмон ҷо дорад, ки дар ин амр ҳар ду тараф — ширкати масъул ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба амри тавофуқ расидаанд. Як рақамро ҳар ду кишвар қабул кардаанд, ки ҳар кадом 50%-и онро таъмин мекунанд. Як муҳандиси бисёр варзида, ки дар Эрон маъруф аст, барои мудирияти ин кор эъзом шудааст. Умед аст, ки дар аввали тобистон амри такмили нақоиси фаннии нақб бо қатъи ҷойҳое, ки дар он резиши об ҷо дорад ва эҷоди каналҳо, ки обҳои рехташударо ҷамъ карда, ба берун интиқол медиҳад, сурат мегирад. Ин кор ба сурати ҷиддӣ пайгирӣ мешавад. Дар зимистон алорағми сардӣ тазриқи сементу бетон ба миқдори зиёд дар дохили нақб анҷом шудааст. Мушкили дигар ин аст, ки cе мавзӯъ дар сохти нақб ва қарордоди аввалия пешбинӣ нашудааст: системаи рӯшноӣ, ҳаворасонӣ ва оташхомӯшкунӣ. Ҷониби Тоҷикистон аз Эрон хостааст, ки анҷоми ин корҳоро ба зимма бигирад. Ин пешниҳодро Президенти Эрон доктор Маҳмуд Аҳмадинажод пазируфтанд ва баъзе аз дастгоҳҳои зарурӣ, ки марбут ба бахши ҳаворасонӣ, рӯшноӣ ва оташхомӯшкунист ва бояд аз сӯи ширкатҳои хориҷӣ таҳия мешуд, харидорӣ шудааст ва ба Эрон ҳамл гардидааст ва мунтазири такмили амалиёти фаннию сохтмонии нақб ҳастем. Иншоолоҳ, ин кор ба зудӣ ба анҷом расонида мешавад. Обҳои Тоҷикистонро бо лӯла ба Халиҷи Форс мебарем — Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз се ҳадафи стратегии Тоҷикистон аст. Мавқеи Эрон дар мавриди сохтмони роҳи оҳан ва дигар масиру шабакаҳо, ки кишварҳои минтақаро бо ҳам мепайванданд, чӣ гуна аст? — Эрон аз тарҳҳои бунёди роҳи оҳан, шабакаҳои интиқоли нерӯи барқ, об ва газу нафт дар минтақа ҷонибдорӣ менамояд. Зеро сохтмони роҳҳо эҳёгари ҷодаи бузурги абрешим, тақвияти равобити иқтисодию тиҷоратӣ ва пешрафти кишварҳои минтақа аст. Дар санаде, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар Душанбе аз сӯи Сарони се кишвари форсизабон ба имзо расид, интиқоли газу нафт тавассути лӯла ва ҳамзамон нерӯи барқ пешбинӣ шудааст. Зеро дар ояндаи начандон дур бо сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ Тоҷикистон яке аз кишварҳои содиркунандаи барқ дар минтақа гардида, эҳтиёҷоти давлатҳоеро, ки ба нерӯи барқ ниёзи шадид доранд, таъмин месозад. Масъалаи сохтмони роҳи оҳан, инчунин интиқоли об аз ин масир ба Афғонистону Эрон ва кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс дар ин санад дарҷ шудааст. Ширкатҳои эронӣ ба корҳои омӯзишӣ оғоз кардаанд. Дар ин масъала ман бо вазирони соҳаҳои марбута ва устондорони Эрон сӯҳбат ҳам анҷом додаам. Инчунин дар моҳи май, ки дар Теҳрон ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон баргузор мегардад, ин масъалаҳо мавзӯи асосӣ буда ва роҳҳои усулӣ ва сареӣ эҷоди ин зерсохторҳо дар барномаҳои ҳамкориҳои ҳар ду кишвар матраҳ мегарданд. Таҳаммулпазирем — Вобаста ба фаъолияти барномаи ҳастаӣ бархе аз кишварҳои ҷаҳон алайҳи Эрон таҳримот роҳандозӣ намудаанд. Мегуфтед, ки оё ин таҳримҳо ба иқтисоди Эрон паёмади ҷиддие доранд, хусусан дар бахши робитаҳои бонкӣ ва саноати нафт? — Таҳримҳо барои мардуми Эрон сахтиҳо ба вуҷуд овардааст. Кишварҳои абарқудрат, ки дар зоҳир аз ҳуқуқи башар ном меоранд, таҳримҳо эҷод намудаанд ва он боис шудааст, ки мардуми Эрон бо баъзе мушкилот мувоҷеҳ бишаванд. Хонаводаҳое, ки фарзандашонро барои таҳсил ба кишварҳои аврупоӣ ё Амрикои Шимолӣ фиристодаанд, ҷиҳати расонидани кӯмак, хусусан маблағ ба мушкилот рӯ ба рӯанд. Иқтисодиёти Эрон мавриди таҳрим қарор гирифтааст. Аммо ин хаёли ботилест, ки бо таҳрим тавонанд Эронро ба таслим дар муқобили хостаҳои ноҳақ ва зиёдаталабиҳои худашон маҷбур намоянд. Мо имрӯз ба дунё нишон медиҳем, ки таҳрим моро ба зону дарнамеоварад, аммо моро ба сахтӣ меандозад. Мо он сахтиҳоро таҳаммул мекунем, аммо таслим намешавем. Ин чизест, ки мардуми Эрон мехоҳад. Мардум аз давлатмардон мехоҳанд, ки мабодо давлатмарде дар муқобили зулму ситам таслим шавад. Аз марзу буми худ дифоъ менамоем — То ҷое, ки мусаллам аст, Эрон яке аз кишварҳои бузургу бостонӣ дар минтақаи Шарқи Наздик ва ҷаҳон ба шумор меравад. Иқтидори давлати Эрон дар таъмини амнияту субот ва ҳифзи марзу бумаш аз ҳар гуна таҳдидҳо чӣ гуна аст? — Эрон кишвари бузург бо мардумони шуҷоъ ва зулмситез аст. Таърихи чандинҳазорсолаи ин сарзамин гувоҳи он аст, ки ҳар гоҳ бегонае хостааст, ки ба он кишвар дастдарозӣ кунад ё манфиатҳояшро мавриди таҳдид қарор бидиҳад, мардуми ин сарзамин бо чангу дандон ва бо тамоми вуҷуд аз манфиатҳои худ дифоъ кардаанд. Эрон дар тӯли таърих нишон додааст, ки дар муқобили зулму ситам бо тамоми вуҷуд аз ҳаққи худ дифоъ мекунад. Намунаи он ҷанги 8-сола бо Ироқ аст. Дар ин ҷанги таҳмилӣ танҳо Ироқ бар зидди Эрон наҷангид. Болои сари мардум ҳавопаймоҳои русию амрикоӣ ва урупоӣ бомба мерехтанд ва силоҳи муосир истифода мешуд. Аммо дар муқобили он мардони боимон бо ниятҳое вуҷуд доштанд, ки ҷони худро дар кафи даст гирифта, як ваҷаб хоки сарзамини худро ба бегонаҳо надоданд. Имрӯз, ки мо иҷлоси Истанбулро паси сар кардем, тоза кишварҳои 5+1 ки дар муқобили Эрон музокира мекунанд, ба ин мӯътақид шудаанд, ки ин ҳаққи Эрон аст то битавонад ба энержии сулҳомези ҳастаӣ мушарраф гардад. Донишмандони эронӣ ин энержиро худашон ихтироъ кардаанд, онро аз дигар кишвар наовардаанд ва агар бигӯянд, ки ин корро дар канор гузоред, ин хостаи нобаҳақест. Президенти Эрон борҳо аз минбарҳои баланди СММ аз забони мардуми Эрон ин матлабро гуфтааст: мо умедворем, ки ҷаҳон дар ояндаи начандон дур ин ҳақи Эронро эътироф хоҳад кард ва ин мушкилот аз сари роҳи рушду пешрафти кишвари мо бардошта хоҳад шуд. Эрон дар арсаи энержи ҳастаӣ ва соири арсаҳо, бахусус нанотхнология ба мувафақиятҳои калон ноил шудааст. Кишвари мо яке аз 5 давлати дунёст, ки ба технологияи сигналҳои бунёдӣ даст пайдо кардааст. Ҳамзамон дар бахшҳои тандурустӣ, илм, низомӣ ба комёбиҳо сазовор гаштаем, ки онро мутааллиқ ба ҳамаи башарият медонем. «Наврӯз» ба кор шурӯъ хоҳад кард — Сабаб чист, ки то ҳанӯз иқдомоти Сарони кишварҳои форсизабон дар мавриди таъсиси телевизиони муштараки давлатҳои форсизабон амалӣ нагардидааст?
 
— Мавзӯи таъсиси телевизиони муштараки кишварҳои форсизабон, ки тавофуқи Сарони се кишвар аст, бо сурати ҷиддӣ дар дастури кор қарор гирифтааст. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мушовири давлатиаш С. Фаттоевро ба намояндагӣ интихоб кард, Раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод бандаро ба унвони намоянда интихоб намуд. Ҷониби Афғонистон шахси хосеро интихоб накарданд. Дар ҷаласаҳо вазифаҳо тақсим шуд, ки ҳар кадом кишвар кореро ба ӯҳда бояд бигирад. Мо вазифаи худамонро ба сурати комил анҷом додаем. Як бинои лозим ба таъмир дар канори ТВ «Баҳористон» ҷудо гардид, мо онро таъмир карда, ба шакли муосир омода сохтем. Студияҳои ҷадиду бузург бо имконоти фаровон эҷод кардаем. Масоили техникиро низ омода намудем. Дӯстони тоҷики мо дар моҳҳо ва солҳои аввал бо рағбат пеш меомаданд, аммо дӯстони афғонӣ аз аввал дар ин лоиҳа лангон-лангон иштирок мекарданд. Ҷониби Афғонистон шахсонеро эъзоҳм мекард, ки дар ҷаласаҳо фарқ менамуданд. Яъне, дар ҷаласаҳо намояндагони собиқ ширкат намеварзиданд. Бо камоли таассуф бояд гӯям, ки дар моҳҳои охир аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон низ ягон ҳаракат нест. Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ба ман маъмурият додаанд, ки дар ин бора бо масъулини Тоҷикистон музокирот дошта бошам, то дар сурате, ки алоқаманд бошанд, мо ин телевизионро моҳҳои оянда роҳандозӣ намоем. Телевизион, ки «Наврӯз» номгузорӣ шудааст, дар Эрон алоқаи фаровоне нисбат ба он вуҷуд дорад. Миқдори зиёди барнома барои роҳандозии ТВ омода шудааст. Дар ин масъала як ҳайате аз кормандони ТВ-и Эрон ба Тоҷикистон хоҳад омад. Дар гузашта ҳайатҳои бузурги мутахассисон аз Эрон, Олмон, Туркия ба Тоҷикистон омаданд. Тамоми маводи техникӣ, барномасозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва омодагии куллӣ вуҷуд дорад. Мо умедворем, ки бо ҳамон ниятҳои неке, ки Сарони се кишвар дар оғози кор шурӯъ кардаанд, масъулини се кишвар ҳам барои роҳандозии он талош намоянд, дар ояндаи начандон дур мо шоҳиди пахши барномаҳои ТВ «Наврӯз» хоҳем шуд. Агар садое аз ин кишварҳо наояд, маҷбур мешавем, ки ин пружаро анҷом надиҳем. Ҳарчанд он барои мо талх ва ногувор аст, зеро барои таъсиси телевизиони муштараки форсизабонҳо мо ҳам маблағ ва ҳам нерӯи инсонӣ сарф кардаем. Умедворем, ки баъзе масоили кӯчак, ки дар зеҳни дӯстон аст, ҳал мешаванд ва шоҳиди ифтитоҳи телевизион мегардем. Дар ҷаҳон ҷойгоҳи арзишманд дорем — Ҷаноби оқои Шеърдӯст, Шуморо дар Тоҷикистон натанҳо дипломат, балки ҳамчун як шахсияти донишманд ва фарҳангӣ низ эътироф намудаанд ва ҳамасола ба унвони «Сафири сол» эътироф мегардед. Нигоҳи Шумо ба сатҳи равобиту ҳамкориҳои илмию фарҳангии ду давлат? — Тоҷикистону Эронро муштаракоти таърихию фарҳангӣ ва забонӣ бо ҳам мепайвандад. Шукри Холиқи тавоноро мекунам, ки дар муаррифии таъриху фарҳанг, адабиёт ва шахсиятҳои муҳими Тоҷикистон на танҳо ба кишварҳои форсизабон, балки дар ҷаҳон иқдом намудаам, хусусан дар табъу нашри осори бузургони адабиёти классик ва муосири тоҷик. Нашри беш аз 200 китоб далели гуфтаҳост. Равобити илмию фарҳангии ҳар ду давлат дар партави сиёсати фарҳангии кишварҳо сурат гирифта, дар пояи баланд қарор дорад. Иштироки ҳайатҳои дошнишмандону муҳаққиқон ва фарҳангиёни тоҷик дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангие, ки дар Эрон баргузор мегарданд, мисоли равшан аст. Дар донишгоҳҳои ҳар ду кишвар теъдоди зиёди донишҷӯён дар бахшҳои гуногун таҳсил менамоянд. Бояд зикр кард, ки дар доираи тавофуқномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Вазорати улум, таҳқиқот ва фановарии Эрон дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон як ҳайати баргузоркунандаи имтиҳонӣ ташриф оварда, имтиҳони вурудӣ баргузор менамоянд. Дар он ҳудуди 250 нафар донишҷӯи тоҷик аз имтиҳон гузашта, барои таҳсил ба Эрон фиристонида хоҳанд шуд. Ин донишҷӯён дар риштаҳое ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, ки барои Тоҷикистон муҳим ва афзалият доранд, хусусан дар бахши муҳандисӣ, пизишкӣ, об, нерӯ, роҳсозӣ дорусозӣ, бонкдорӣ ва соири арсаҳои муосир. Тазаккур бояд дод, ки пешрафти Эрон пешрафти Тоҷикистон ҳам ҳаст, инро борҳо Раиси ҷумҳури кишвари мо доктор Маҳмуд Аҳмадинажод гуфтаанд. Ҳамчунин пешрафти тоҷикон мутааллиқ ба эрониҳост. Мо худамонро дар канори Тоҷикистон медонем, зеро арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, забон ва андешаи мо дар ҷаҳон ҷойгоҳи арзишманд ва шоиста дорад. — Ташаккур, барои сӯҳбати пурмӯҳтаво Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».—0—-

Апрель 25, 2012 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «ACIBADEM» ифтитоҳ гардид