Дастаи «Вахш» — ро ширкати «Исмоили Сомонӣ» маблағгузорӣ мекунад
Қӯрғонтеппа, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев ). – Назар ба хабари раиси клуби футболи «Вахш» Исроил Шарифов, дар мавсими соли ҷорӣ нисфи хароҷоти клуби футболи «Вахш» — ро Ширкати холдингии «Исмоили Сомонӣ» ба ӯҳда мегирад.Қисми боқимондаи хароҷот аз ҳисоби маблағгузории маъмурияти вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа суръат мегирад. Дастаи футболи «Вахш» соли 2009 бо маблағгузории ширкати зикршуда қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол гардида буд.Қобили зикр аст, ки тайи ду соли охир ин даста аз ҳисоби буҷаи вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа маблағгузорӣ мешуд. Дастаи «Вахш» дар чаҳорчӯбаи мусобиқоти ХХ1 Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Парвоз» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби як бар сифр мағлуб сохт. Вохӯрии навбатии он 22 апрел дар шаҳри Душанбе бо дастаи ССКА «Помир» баргузор мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






