Кӯмаки техникии Чин ба Тоҷикистон
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз дар маҷлисгоҳи Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими имзои Ёддошти қабул дар бораи расонидани кӯмаки техникӣ миёни вазорати мазкур ва ҳукумати вилояти мухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии Чин баргузор гардид. Ёддоштро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Саидраҳмон Назриев ва аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин сардори департаменти тиҷорати вилояти мухтори Шинҷону Уйғур ҷаноби Хэ Имин ба имзо расониданд. Тибқи Ёддошти қабул ба ҶТ аз ҷониби ҳукумати Чин ба таври кафолатнок 25 трактор ва 10 автобус давра ба давра ворид карда мешавад.Ёдовар мешавем, ки ин кӯмак ҳангоми боздиди котиби комитети партиявии вилояти Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсян моҳи августи соли 2010 аз Тоҷикистон қабул шуда буд. Тибқи ваъдаи Чжан Чунсян соли 2012 ба Тоҷикистон 10 автобуси мусофирбари тамғаи «Jing Long» ва 25 трактор барои соҳаи кишоварзӣ бояд ворид гардад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






