Кодекси гумрук дар парлумон ихтилофи назар ба бор овард

Апрель 18, 2012 15:07

Душанбе, 18 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мебоист 18 апрели соли 2012 дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони мамлакат -Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул мешуд, бо пешниҳоди намояндаи ваколатдори Президенти ҷумҳурӣ дар Маҷлиси Олӣ Ҷумъахон Давлатов аз рӯзномаи ҷаласа бардошта шуд ва он баҳсеро байни намояндаи ваколатдори Президент дар парлумони кишвар ва раиси Маҷлиси намояндагон ба вуҷуд овард. Сабаби аз рӯзномаи ҷаласа бардоштани масъалаи мазкурро намояндаи ваколатдори Президенти кишвар дар парлумон чунин шарҳ дод: он бидуни риояи дастури марбута ҷиҳати баррасӣ ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур қаблан дар Кумитаҳои дахлдор ва дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон мебоист мавриди муҳокима қарор мегирифт. Шукурҷон Зуҳуров , раиси Маҷлиси намояндагон дар робита ба ин масъала гуфт: мо хостори он будем, то раванди қабули лоиҳаи қонуни мазкурро тезонем. Вале имрӯз шумо мегӯед, ки лоиҳаи қонуни зикршуда дар вақташ бо як қатор вазорату идораҳои марбутаи кишвар ба мисли «Тоҷикстандарт», Вазорати энергетика ва саноат, тандурустӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мувофиқа карда нашудааст. Ш. Зуҳуров афзуд, ки қаблан лоиҳаи қонун аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардида ва ҷиҳати ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуда буд. Вале барои чӣ Ҷумъахон Давлатов бо мактуб ба Сарвари давлат муроҷиат намуда, пешниҳод кардааст, ки лоиҳаи қонуни мазкур ба Маҷлиси намояндагон баргардонида шавад. Шукурҷон Зуҳуров дар идомаи суханаш иброз дошт, ки агар лоиҳаи қонун то охир аз ҷониби таҳиягаронаш коркард нашуда бошад, пас гуноҳро ба дӯши Маҷлиси намояндагон бор кардан нашояд. Ҳол он ки лоиҳаи қонун аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия ва ба парлумон ироа гардидааст, таъкид кард Ш. Зуҳуров. Амиршо Миралиев, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон дар робита ба масъалаи баҳснок ба намояндаи ваколатдори Президенти кишвар дар парлумон муроҷиат карда гуфт: «Мо ва Президент дар як ҳукумат ҳастем». Барои чӣ вақте ки ҳамаи мо, аз ҷумла шумо, лоиҳаи қонунро баррасӣ ва қабул кардем, шумо бо истифода аз мавқеи худ натавонистед онро дар Маҷлиси миллӣ ҳимоят ва ҷонибдорӣ намоед». Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки он ҷиҳати шомил шудани кишварамон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат мусоидат менамояд, ҳафати оянда дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат баррасӣ хоҳад гашт.

Апрель 18, 2012 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд